Хазинадори шуъбаи муҳосибаи беморхонаи марказии ноҳияи Панҷ боздошт гардид
ДУШАНБЕ, 28.04.2017 /АМИТ «Ховар/. Кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Беморхонаи марказии ноҳияи Панҷ тасарруфи маблағҳоро ошкор намуданд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти агентии мазкур хабар доданд, бо гумони даст доштан дар ин ҷиноят Ашраф Зардаков, хазинадори шуъбаи муҳосибаи беморхонаи марказии ноҳияи Панҷ боздошт гардид. Номбурда ба ҳайси хазинадор дар беморхона кор карда, дар давраи фаъолияти кориаш аз ҳисоби хизматрасонии пулакӣ дар шуъбаи дил, ҷарроҳӣ ва таваллудхонаи беморхонаи мазкур аз январи соли 2015 то январи соли 2017 аз ҳисоби 107 нафар беморони бистаришудаи шуъбаи мазкур зиёда аз 30 ҳазор сомониро ба хазинаи беморхона ба даромад нагирифта, бо роҳи азонихудкунӣ тасарруф намудааст.
Ҳамчунин номбурда дар давоми моҳи январи соли 2014 то моҳи феврали соли 2015 пардохти варақаҳои корношоямиро ҳисоб карда, бо роҳи тартиб додани ҳуҷҷатҳои қалбакӣ оид ба пардохти варақаҳои корношоямӣ ба номи 11 нафар кормандони беморхонаи марказии ноҳияи Панҷ дар 12 ҳолат маблағи умумии 92 ҳазор сомониро ба кормандон пардохт накарда, маблағи мазкурро аз худ карда, ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.
Вобаста ба ҳолати мазкур нисбат ба Ашраф Зардаков бо моддаи 245 қисми 3 банди «а» ва 323 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтиши пешакии он идома дорад.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд
Дар Душанбе доир ба Шабакаи иқлимии TajCN ҳамоиш баргузор гардид






