«Хоби ҳамдуна»- и Румӣ Шоазимов дар Кинофестивали 23-юми Россия «Адабиёт ва синамо» соҳиби мукофот гардид
ДУШАНБЕ, 28.04. 2017 /АМИТ «Ховар»/. Филми коргардони 24-солаи тоҷик Румӣ Шоазимов «Хоби ҳамдуна» дар Кинофестивали 23-юми Россия «Адабиёт ва синамо» ду мукофот гирифт. Дар ин бора аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Ба иттилои манбаъ, Кинофестивали 23-юми Россия «Адабиёт ва синамо» аз 20 то 26 апрели соли равон дар шаҳри Гатчина баргузор гардида, барои Шоҳҷоизаи кинофестивал «Дастбанди ақиқ» 7 филми бадеӣ ва 12 филми ҳуҷҷатӣ аз кишварҳои гуногун мубориза бурданд.
Дар маросими ҷоизасупорӣ ба филми коргардони тоҷик Румӣ Шоазимов, ки ҷавонтарин иштирокчии кинофестивал буд, ду мукофот супорида шуд.
Мукофоти ҳакамон ба номи Андрей Петров барои мусиқии беҳтарин дар филм бо шарҳи «Барои кашф ва пешниҳоди муассири мӯҳтавои филм» ба оҳангсози филми «Хоби ҳамдуна» Иқбол Завқибеков супорида шуд.
Инчунин Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Баҳодур Миралибеков барои беҳтарин нақши мардона сазовори дипломи кинофестивал гардид.
Филми ҳунарии «Хоби ҳамдуна» аввалин филми бадеии пурраи коргардони ҷавон Румӣ Шоазимов буда, он аз рӯи асари Уилям Ҷейкобс «Дасти ҳамдуна» ба навор гирифта шудааст.
Тавре хабар дода будем, чанде пештар филми мазкур дар кинофестивали миллии кинои «Оқ Илбирс» дар Ҷумҳурии Қирғизистон иштирок карда, иҷрокунандаи нақши асосӣ Баҳодур Миралибеков сазовори мукофоти «Беҳтарин ҳунарпешаи Осиёи Марказӣ барои иҷрои нақши мардона» гардида буд.








Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст






