Хонандагони Мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ношунавои ноҳияи Рӯдакӣ соҳиби касбҳои гуногун мегарданд
РӮДАКӢ, 26.04.2017. /АМИТ «Ховар»/. Дар Мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ношунавои ноҳияи Рӯдакӣ 326 нафар хонанда таълим мегиранд, ки онҳо вобаста ба хоҳишу завқу истеъдодашон дар давоми таҳсил дар 12 маҳфили гуногуни дохили муассиса хонда, соҳиби касб мегарданд. Онҳо пас аз хатми муассиса метавонанд бе мушкилӣ дар истеҳсолот фаъолият кунанд. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» директори муассиса Ҷамила Ҳакимова иттилоъ дод.
Тибқи иттилои манбаъ, имсол 25 нафар хонанда Мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ношунаворо хатм мекунанд. Қисми зиёди онҳо дар коллеҷҳо ва литсейҳои касбии техникӣ таҳсили худро давом медиҳанд ва қисме аз онҳо барои маълумоти миёнаи умумии пурра гирифтан дар Муассисаи давлатии таҳсилоти миёнаи умумии махсус барои ношунавоён дар шаҳри Душанбе то синфи 12 таҳсили худро идома медиҳанд.
Масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ зикр намуданд, ки хонандагони ин муассисаҳо ҳамеша зери назари давлату ҳукумат қарор доранд ва ҳамеша мушкилоти онҳоро ҳал менамоянд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






