«Иксири саодат» ва «Армуғони аҳли дил» ба китобхонаҳои марказии вилояти Суғд туҳфа гардиданд
ДУШАНБЕ, 29.04.2017. /АМИТ «Ховар»/. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста донишомӯзиву китобхониро ба ҷавонон тарғиб менамоянд. Дар робита ба ин сиёсати фарҳангсози Сарвари давлат аз ҷониби раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ 600 адад китобҳои арзишманд, ки муҳаққиқони Муассисаи давлатии «Маркази илмии Камоли Хуҷандӣ» омода намудаанд, ба китобхонаҳои марказии шаҳру ноҳияҳои вилоят ройгон тақдим гардиданд.
Тавре аз Муассисаи давлатии «Маркази илмии Камоли Хучандӣ» хабар доданд, аксари ин китобҳо, ба мисли «Мунтахаби ғазалиёт»-и Шӯхии Хуҷандӣ, «Иксири саодат» (гулбайтҳои Хоҷа Камол), «Армуғони аҳли дил» (тарҷумаи ашъори Камоли Хуҷандӣ ба ҳафт забон), «Туҳфат-ул-мулук»-и Абӯҳафси Маҳмуд ҳама бо сифати оливу марғуб ва муҳтавои бою ғанӣ бори аввал ба хонандагон пешкаш мегарданд.








Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Мардуми ноҳияи Рашт дар симои Пешвои миллат наҷотбахши миллату давлат, кафили сулҳу ваҳдат ва эҳёгари фарҳанги миллиро мебинанд
Таҳти унвони «Нақши Пешвои миллат дар ташаккул ва рушди фарҳанги миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
«ПРЕЗИДЕНТ — КАФИЛИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁДУ ДЕМОКРАТӢ». Дар ин мавзуъ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Ба ифтихори Рӯзи Президент дар деҳоти ноҳияи Ёвон чорабиниҳои сиёсию маърифатӣ баргузор мегардад
АБАРМАРДЕ, КИ ДАВЛАТРО БИНО КАРД. Ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид






