«Иксири саодат» ва «Армуғони аҳли дил» ба китобхонаҳои марказии вилояти Суғд туҳфа гардиданд

Апрель 29, 2017 12:06

ДУШАНБЕ, 29.04.2017. /АМИТ «Ховар»/. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста донишомӯзиву китобхониро ба ҷавонон тарғиб менамоянд. Дар робита ба ин сиёсати фарҳангсози Сарвари давлат аз ҷониби раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ 600 адад китобҳои арзишманд, ки муҳаққиқони Муассисаи давлатии «Маркази илмии Камоли Хуҷандӣ» омода намудаанд, ба китобхонаҳои марказии шаҳру ноҳияҳои вилоят ройгон тақдим гардиданд.

Тавре аз Муассисаи давлатии «Маркази илмии Камоли Хучандӣ» хабар доданд, аксари ин китобҳо, ба мисли «Мунтахаби ғазалиёт»-и Шӯхии Хуҷандӣ, «Иксири саодат» (гулбайтҳои Хоҷа Камол), «Армуғони аҳли дил» (тарҷумаи ашъори Камоли Хуҷандӣ ба ҳафт забон), «Туҳфат-ул-мулук»-и Абӯҳафси Маҳмуд ҳама бо сифати оливу марғуб ва муҳтавои бою ғанӣ бори аввал ба хонандагон пешкаш мегарданд.

 

 

Апрель 29, 2017 12:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Варзоб оид ба истифодаи самараноки неруи барқ вохӯрӣ доир шуд
Қариб 90 ҳазор ронандагон маблағи истифодаи роҳи Душанбе-Чанокро ғайринақдӣ пардохт менамоянд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Бо сарбозони Раёсати қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилӣ вохӯрӣ баргузор гардид
Хонандагони ноҳияи Ҳамадонӣ барои гирифтани Стипендияи Раиси вилояти Хатлон омодагӣ мебинанд
Сарнишин аз Тоҷикистон дар фестивали байналмилалии парапланронӣ бо парчами давлатӣ парвоз анҷом дод
Дар қисматҳои баландкӯҳи ноҳияи Рашт кишти картошка идома дорад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Наваскарони қисми низомӣ дар ноҳияи Лахш савганди садоқат ба Ватан ёд намуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имсол дар Тоҷикистон чӣ қадар боғҳои нав бунёд гардиданд?
Дар шаҳри Норак ҳашари экологии «Тозагии обанбор» баргузор гардид