Имрӯз дар «Душанбе плаза» Фестивали ҷумҳуриявии «Нигоҳи нав ба муди ҷавонон» доир мегардад
ДУШАНБЕ, 29.04. 2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 29 апрел соати 11.00 бо ташаббуси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ва Федератсияи футболи Тоҷикистон дар Муассисиаи давлатии «Душанбе плаза» Фестивали ҷумҳуриявӣ миёни тарроҳони ҷавон таҳти унвони «Нигоҳи нав ба муди ҷавонон» доир мегардад.
Тавре аз Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, фестивали мазкур бахшида ба Соли ҷавонон роҳандозӣ шуда, дар он 18 нафар тарроҳони ҷавон аз тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ иштирок менамоянд.
Фестивали ҷумҳуриявии «Нигоҳи нав ба муди ҷавонон» бо мақсади талқини ҳисси зебоипарастӣ, тарғибу ташвиқи либоси миллӣ ва дар ин замина тарбияи насли ҷавон дар руҳияи нигоҳдошти анъанаву суннатҳои миллӣ доир карда мешавад.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






