Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбандаи абрнок мешавад
ДУШАНБЕ, 18.04.2017./АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбандаи абрнок, боридани борон ва ба амал омадани раъду барқ дар назар дошта шудааст.
Агентии обуҳавошиносии кишвар сокинони шаҳри Душанберо аз боридани борони кӯтоҳмуддат ва раъду барқ огоҳ мекунад.
Ба иттилои манбаъ, ҳаво дар пойтахти кишвар аз 24 то 26 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи абрнок шуда, борони кӯтоҳмуддад ва дар баъзе минтақаҳо борони пуршиддат меборад. Ҳаво дар ғарби вилоят 10-15 ва дар шарқи он 2-7 дараҷа гарм хоҳад шуд. Дар вилояти Xатлон ҳавои тағйирёбандаи абрнок шуда, борони кӯтоҳмуддад меборад. Дар баъзе ҷойҳо раъду барқ ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо 22-27 ва дар доманакӯҳҳо 18-23 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбандаи абрнок мешавад. Борони кӯтоҳмуддад борида, раъду барқ ба амал меояд. Дар водиҳо аз 21 то 26 дараҷа, дар кӯҳҳо аз 14 то 19 дараҷа гармӣ дар назар дошта шудааст. Дар ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои тағйирёбандаи абрнок дар назар аст. Борони кӯтоҳмуддад борида, раъду барқ ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо 21-26 ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ 13-18 дараҷа гарм мешавад.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






