Имтиёз ба ширкатҳои туристӣ: воридоти таҷҳизот барои иншооти сайёҳӣ аз андоз озод мегарданд
ДУШАНБЕ, 21.04.2017/АМИТ «Ховар»/. Дар Тоҷикистон воридоти таҷҳизоту маводи сохтмонӣ барои иншооти сайёҳӣ аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда озод карда шуда, инчунин даромадҳо аз фаъолияти ширкатҳои сайёҳӣ дар панҷ соли аввали фаъолияташон аз санаи бақайгирии давлатӣ аз андоз аз фоида озод мегарданд. Вобаста ба ин палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон иловаҳо ворид намуд.
Ҷамшед Нурмуҳаммадиён, муовини вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки масъалаи мазкурро дар Парлумон шарҳ дод, гуфт, ки ҳадафаш рушди бахши сайёҳӣ, истифодаи самараноки имкониятҳои мавҷуда дар ин самт, беҳтар сохтани инфрасохтори туристӣ, баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ, ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ ва таъсиси минтақаҳои сайёҳӣ мебошад, ки дар Паёми Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба Парлумон зикр гардидааст.
Ҷамшед Нурмуҳамадиён зикр кард, ки рӯйхати иншооти сайёҳӣ номгӯй ва миқдори таҷҳизоту маводи сохтмонии воридшаванда аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мегардад.
Таъкид шуд, ки алҳол дар Тоҷикистон наздик ба 90 ширкати сайёҳӣ ба қайд гирифта шудааст. Дар ин росто Саидҷаъфар Исмонзода, вакили Маҷлиси намояндагон зимни савол ба муовини Вазири молияи кишвар таъкид намуд, ки имрӯз ҳудуди 70 ширкати сайёҳӣ ба чиптафурӯшӣ машғуланд ё шаҳрвандонро танҳо ба Дубай мефиристанд. Вакили Маҷлиси намояндагон таъкид кард, ки мақсади Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон рушди инфрасохтори сайёҳист ва мо бояд дар бахши сайёҳӣ шароити мусоид фароҳам орем, то сайёҳони хориҷӣ ба Тоҷикистон бештар биёянд. Нисбат ба рушди бахши сайёҳӣ бояд ба таври воқеъбинона назар намоем,- зикр сохт Исмонзода.
Бояд тазаккур дод, ки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Парлумони кишвар доир ба рушди сайёҳӣ таъкид намуда буданд, ки бо мақсади тавсеа бахшидани соҳаи сайёҳӣ, самаранокии имкониятҳои мавҷуда, дастгирии сайёҳии дохиливу хориҷӣ, ҷалби сармоя ва омода намудани мутахассисони бахши сайёҳӣ дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтори алоҳида оид ба соҳаи сайёҳӣ таъсис дода шавад.








Дар Фестивали сайёҳӣ дар Покистон ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Доир ба ҳолати пиряхҳои Тоҷикистон дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти илмӣ баргузор шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Дар нуҳ моҳи соли 2026 ба Тоҷикистон беш аз 1,5 миллион сайёҳ ташриф оварданд
Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
Файзалӣ Идизода бо Аҳмад бин Муҳаммад Ал-Ҷарвон ба таври маҷозӣ вохӯрӣ намуд
Рустами Эмомалӣ аз шаҳри Тошканд ба шаҳри Бухоро ташриф оварданд
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев Рустами Эмомалиро бо ордени «Барои хизмати фидокорона» сарфароз гардониданд
Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ аз Маркази тамаддуни исломӣ дар шаҳри Тошканд боздид намуданд
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Олий Мажлиси Ҷумҳурии Узбекистон Танзила Нарбаева мулоқот намуданд






