Кӯлоб: гусели сарбозон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Апрель 5, 2017 17:51

ДУШАНБЕ, 05.04.2017. /АМИТ «Ховар»/. 4 апрел бахшида ба рӯзи даъвати баҳорӣ ва  гусели наваскарон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Парчами миллии шаҳри Кӯлоб ҷамъомади  идона доир гашт. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб хабар доданд.

Дар ҷамъомад зикр гардид, ки  хизмат баҳри Ватан ин қарзи ҳар як ҷавонмарди бонангу номуси Ватан мебошад.

Барои хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон   тибқи қонун комиссариати ҳарбӣ  он нафаронеро даъват намудааст, ки солашон ба 18 расидааст. Рӯзи аввали даъвати баҳорӣ наваскарон дар комиссариати ҳарбии шаҳри Кӯлоб 51 нафар ихтиёриён барои адои хизмати Модар- Ватан аз комиссияи тиббӣ гузаштанд.

 

Апрель 5, 2017 17:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад