Кишти пахта дар хоҷагиҳои вилояти Суғд вусъат меёбад

Апрель 18, 2017 16:04

ХУҶАНД, 18.04.2017 /АМИТ «Ховар»/.  Дар хоҷагиҳои кишоварзии вилояти Суғд  корҳои кишти пахта рӯз аз рӯз вусъат меёбад.  Тавре ба АМИТ «Ховар»  аз Идораи кишоварзии вилоят иттилоъ доданд, ҳоло кишти пахта дар ҳафт ноҳияи пахтакори вилоят, чун Ашт, Б.Ғафуров, Ҷ.Расулов, Конибодом, Мастчоҳ, Спитамен ва Зафаробод идома дошта, дар майдонҳои кишти пахта асосан тухмиҳои навъи воридотӣ бартарӣ доранд.

То 17 апрел дар вилоят кишти пахта дар майдони 23,442 га гузаронида  шудааст, ки ин нишондод ба 43,4 фоизи нақша баробар аст. Аз ҷумла, то 16 апрели соли равон кишти пунбадона дар майдонҳои кишоварзии ноҳияҳои Зафаробод дар майдони 1150га,  Мастчоҳ- 941га, Спитамен — 683га, Б.Ғафуров –618га, Ҷ.Расулов 520га, Ашт — 413га, Конибодом –283 га гузаронида шуда, деҳқонон бо истифода аз техникаи мавчуда азм доранд, ки ин маъракаи муҳимро тезтар ба итмом расонанд.

Тибқи нақшаи дурнамо, имсол пахтакорони вилоят азм доранд дар майдони 54 ҳазор гектар кишти пахта гузаронида, дар маҷмӯъ  зиёда аз 100 ҳазор тонна пунбадона ҷамъоварӣ намоянд.

 

 

Апрель 18, 2017 16:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид