Китоби «Телевизион ва психологияи инсон» аз таърихи Телевизиони Тоҷикистон ҳикоят мекунад

Апрель 18, 2017 15:33

ДУШАНБЕ, 18.03.2017 /АМИТ «Ховар»/. Нашриёти «Истеъдод» китоби Рафоати Абдусалом, аввалин наттоқи Телевизиони Тоҷикистонро бо номи «Телевизион ва психологияи инсон» аз чоп баровард.
Тавре аз Маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, китоб бо сифати баланд ба нашр расида, барои алоқамандони телевизион, рўзноманигорони садову симо ва донишҷӯён туҳфаи арзанда мебошад.
Китоби мазкур аз пешгуфтор ва чор боб иборат буда, муаллиф доир ба таърих ва ташаккулёбии Телевизиони Тоҷикистон дар солҳои аввали таъсисёбиаш ба хонандагон маълумоти мукаммал пешниҳод намудааст. Ҳамзамон дар ин китоб доир ба шахсияти журналист, забони журналистика ва жанрҳои публитсистӣ андешаҳояшро баён намуда, бо тасвирҳои таърихӣ фикрашро тақвият бахшидааст.

Рафоат Абдусалом

Апрель 18, 2017 15:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд