Китоби «Варзиш-соҳаи мавриди назари Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон» ба нашр расид

Апрель 5, 2017 10:17

ДУШАНБЕ, 05.04.2017 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Соли ҷавонон ва 20-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ китоби рӯзноманигори ҷавон Шодихони Назар таҳти унвони «Варзиш — соҳаи мавриди назари Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон» ба табъ расид. Тавре аз Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, китоб маҷмӯи мақола ва мусоҳибаҳои муаллифро дар бораи ғолибони мусобиқаҳои байналхалқӣ, варзишгарони дорандаи Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дарбар мегирад, ки давоми як сол дар ҳафтаномаи «Ҷавонони Тоҷикистон» ба нашр расидаанд.
Ҳамчунин дар сарсухани китоб муаллиф зери сарлавҳаи «Мафҳуми варзиш дар шинохти Пешвои миллат» иқтибосҳоро аз суханрониҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба нақши варзиш дар таъмини тарзи ҳаёти солим ҷой додааст.

Апрель 5, 2017 10:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд