Комиссияи кории Вазорати нақлиёт дар роҳи мошингарди Айнӣ- Панҷакент санҷиш гузаронд
ДУШАНБЕ, 20.04.2017. /АМИТ «Ховар»/. Комиссияи кории Вазорати нақлиёт дар километри 33 + 700 — и роҳи мошингарди Айнӣ-Панҷакент санҷиш гузаронд. Дар ин бора сомонаи вазорат хабар медиҳад.
Бино ба иттилои вазорат, ин минтақаи роҳ аз домани теппа гузашта, 17 апрели соли равон аз таъсири фурӯ рафтани теппа қабати асфалтпӯши роҳ қариб 60 метри тӯлонӣ вайрон шуд ва ҳаракати нақлиёт манъ гардид.
Сабаби асосии фурӯравии теппаро коршиносони Вазорати нақлиёт аз ҳад зиёд нам гирифтани қабати хоки теппа меҳисобанд. Сабаби дигарашро аз гузаштани мошинҳои гаронвазн, ба ҷунбиш даромадани роҳ ва аз тарафи обпартои чап шуста шудани қабати болоии он маънидод карданд. Дар ин қисмати роҳ фурӯравии теппа ва вайроншавии роҳ ҳоло ҳам ҷараён дорад.
Аз таҳлили мутахассисон маълум гардид, ки ҳангоми гузарондани корҳои муҳандисӣ- геологӣ минтақаи мазкур яке аз минтақаҳои хатарнок баҳогузорӣ гардидааст. Аз сабаби душвор нагардидани ҳаракати нақлиёт тариқи ин роҳ, ҳангоми таҷдиди он қабати болоии роҳ мумфарш гардида буд.
Дар айни ҳол мутахассисони Вазорати нақлиёт дар якҷоягӣ бо дигар ниҳодҳои дахлдор барои бартараф кардани оқибатҳои вазъи баамаломада чораҷӯӣ доранд. Азбаски роҳи мазкур дар муҳлати кафолатӣ қарор дорад, кормандони Маркази татбиқи лоиҳаҳои роҳҳои мошингарди ҷумҳурӣ қитъаи фурӯрафтаи роҳро барои гузариши муваққатии ҳаракати нақлиёт омода кардаанд. Аммо корҳои барқарорсозии пурраи ин роҳ то қатъ нагаштани фурӯравии теппа ғайриимкон аст.
Коршиносони Вазорати нақлиёт барои бартараф кардани оқибатҳои вазъи баамаломада чораҳои фаврие, чун тоза кардани қисми болоии теппаи фурӯраванда аз ҷинсҳои овезон, гузаронидани тадқиқоти муҳандисию арзёбии вазъи имрӯзаи мазкур ва таъмини роҳи муваққатии таворавӣ барои гузариши воситаҳои нақлиёт пешниҳод намуданд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!
«ЧОДАРИ ХАЁЛ». Дар Душанбе Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак баргузор мегардад
DEEPFAKE ҲАМЧУН ТАҲДИДИ НАВИ АМНИЯТИ ИТТИЛООТӢ. Назари мутахассис дар ин мавзуъ
«МЕГАФОН ТОҶИКИСТОН»: Ду роҳи ҳал барои истифодабарандагони интернет






