Кормандони Маркази наҷотдиҳии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд ду нафарро наҷот доданд
ДУШАНБЕ, 28.04.2017 /АМИТ «Ховар/. Субҳи имрӯз соати 04:25 аз тарафи танзимгари Ширкати IRS маълумот гирифта шуд, ки дар километри 47-уми шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд мошини боркаши тамғаи «Volvо», таҳти идораи марди 30-солаи сокини шаҳри Истаравшани вилояти Суғд дар натиҷаи бархӯрд ба кўҳ ба садама дучор шудааст.
Ба ҷойи ҳодиса дастаи махсуси наҷотдиҳии Маркази наҷотдиҳии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сафарбар гардида, мусофири мошини мазкур бо гирифтани ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ ба беморхонаи марказии ноҳияи Варзоб интиқол дода шуд.
Ҳамчунин ронанда, ки дар дохили мошин дармонда буд, баъд аз бурдани корҳои наҷотдиҳӣ соати 06:34 наҷот дода шуда, ба беморхонаи марказии ноҳияи Варзоб интиқол дода шуд.








Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад






