Кормандони милитсия бояд ба Ватан содиқонаю софдилона хизмат намоянд
ДУШАНБЕ, 18.04.2017. /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз дар Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласа оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти фаврӣ-хизматии мақомоти корҳои дохилӣ дар давоми се моҳи аввали соли 2017 баргузор гардид.
Тавре аз Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар ҷаласа натиҷаҳои самти фаъолияти фаврӣ-хизматии мақомоти корҳои дохилӣ дар се моҳи аввали соли равон ва фаъолияти хизматии Раёсати ҳифзи тартиботи ҷамъиятии ВКД дар давоми солҳои 2013-2016 ва як моҳи соли 2017 муҳокима гардиданд.
Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода ҷиҳати бартараф намудани камбудию норасоиҳо дар фаъолияти хизматӣ, пешгирӣ ва мубориза бо ҷиноятҳои муташаккил, терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, содиршавии ҷиноят дар байни ноболиғону ҷавонон ва шомилшавии шаҳрвандон ба ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуда, ҷиҳати таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, ҳифзи муҳити зист ва экология, тақвият бахшидани фаъолият дар самти ислоҳоти милитсия ва бурдани корҳои пешгирӣ-фаҳмондадиҳӣ дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Рамазон Раҳимзода ба масъулини соҳа ҷиҳати риоя ва иҷрои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва мубориза бар зидди ҳама гуна ҷинояту ҷинояткорӣ ва қонуншиканӣ супоришҳои мушаххас дода, зикр кард, ки «ҳар як корманди милитсия бояд вазифаҳои хизматиро бо дарки баланди масъулият иҷро намуда, ба Ватан содиқонаю софдилона хизмат намояд».








Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд






