Махфират Хидирзода: «Ҳукумати кишвар барои кормандони соҳаи тиб тамоми шароити моддию техникиро муҳайё кардааст»
ДУШАНБЕ, 17.04.2017. /АМИТ «Ховар»/. Муовини раиси вилояти Хатлон Махфират Хидирзода дар шаҳри Кӯлоб бо роҳбарони муассисаҳои тандурустӣ ва маорифи минтақаи Кӯлоб машварати корӣ баргузор намуд. Дар ин бора аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон хабар доданд.
Ба иттилои манбаъ, Махфират Хидирзода дар машварат оид ба вазъи муассисаҳои тиббӣ ва сатҳи хизматрасонии табибон ба аҳолӣ изҳори андеша намуда, аз масъулин даъват кард, ки корҳои хизматрасонию табобатиро вобаста ба талаботи рӯз ба роҳ монанд ва дар пешравии фаъолияти соҳа саҳмгузорӣ намоянд. Ба таъкиди Хидирзода, «имрӯз Ҳукумати кишвар барои кормандони соҳаи тиб тамоми шароити моддию техникиро муҳайё кардааст. Мо вазифадорем, ки аз ин гуна имкониятҳо самаранок истифода бурда, малакаи касбии худро пайваста баланд бардорем».
Махфират Хидирзода дар ҷараёни машварат аз камбудиҳои соҳаи тандурустӣ ва маориф ёдрас шуда, масъулонро муваззаф намуд, ки дар муддати кӯтоҳ онҳоро бартараф намоянд.








Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд






