Маросими гусели аввалин гурӯҳи наваскарон ба сафи Артиши миллӣ дар ноҳияи Ҷ.Расулов
ХУҶАНД, 05.04.2017. /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи оғози маъракаи даъвати баҳорӣ ба сафи Қувваҳҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон 4 апрел дар назди Қасри фарҳанги «Гулистон»-и ноҳияи Ҷаббор Расулов ҷамъомади тантанавии гусели аввалин гурӯҳи даъватшавандагон баргузор шуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз шуъбаи ташкилии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия иттилоъ доданд, дар маросими тантанавӣ раиси ноҳия Комил Салимзода, роҳбарони сохторҳои марбутаи мақомоти ҳокимияти давлатии ноҳия, фаъолону аҳли ҷамоати ноҳия, волидайн ва наздикони даъватшавандагон иштирок намуданд.
Дар ин рӯз дар вазъияти тантанавӣ ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ аз ноҳия гурӯҳи аввалини ихтиёрӣ иборат аз 95 нафар гусел карда шуд.








Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад






