Машварат оид ба ҳалли мушкилоти ҷойдошта дар самти таъмини тартиботи ҷамъиятӣ

Апрель 27, 2017 10:38

ДУШАНБЕ, 27.04.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз дар Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади баланд бардоштани савияи дониши ҳуқуқӣ, касбият ва баланд бардоштани нақши кормандони милитсия дар ҷомеа бо ҷалби мутахассисони соҳа барои нозирони минтақавии милитсия, кормандони самти ҳифзи тартиботи ҷамъиятии Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе ва Шуъбаи ВКД дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дар мавзӯи «Ҳалли мушкилоти ҷойдошта дар самти таъмини тартиботи ҷамъиятӣ» машварат баргузор гардид.
Тавре аз ВКД ҶТ хабар доданд, муовини Вазири корҳои дохилӣ Маҳмадсаид Саидзода дар машварат оид ба фаъолияти кормандони бахши ҳифзи тартиботи ҷамъиятии мақомоти корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, камбудию мушкилиҳои ҷойдошта ва ислоҳи онҳо ибрози назар намуд.
халли мушклоти чойдошта 2Сардори Раёсати нозиротӣ-ташкилии вазорат Абдураҳим Раҳимзода вобаста ба камбудиҳо дар фаъолияти воҳидҳои ҳифзи тартиботи ҷамъиятии мақомоти корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дар давраи солҳои 2013-2016 сухан гуфт. Ӯ оид ба баъзе камбудию норасоиҳое, ки зимни санҷиши фаъолияти самти ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ошкор гардидаанд, гуфт: «мақсади санҷиш сари вақт бартараф намудани мушкилоти ҷойдошта, беҳтар намудани кори ҳуҷҷатгузорӣ, аз худ намудани талаботи санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии танзимкунандаи фаъолияти мақомоти корҳои дохилӣ ва ҳалли мушкилоти мардум мебошад».

Апрель 27, 2017 10:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад