Мавсими имсолаи обхезӣ ба манзил ва майдони кишти сокинони шаҳраки Ваҳдати ноҳияи Ванҷ осеб намерасонад
ХОРУҒ, 29.04.2017. /АМИТ «Ховар»/. Оби дарёи Ванҷоб аз пиряхи бузургтарини Осиёи Марказӣ, мавсум ба Федченко маншаъ мегирад ва дар мавсими обхезӣ ҳамасола сокинони назди соҳили ин рӯдхона маҷбур мешаванд, ки муваққатан хонаҳояшонро тарк кунанд. Бо назардошти ин вазъият дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи барномаи соҳилмустаҳкамкунӣ дар солҳои 2016-2020» таҳкими соҳили ин дарё низ ба нақша ворид гардид ва дар давоми як соли охир зиёда аз ним километр мавзеъҳои хатарнок комилан бехатар гардонида шуданд. Корҳои соҳилмустҳкамкунӣ бо маблағгузории «Муассисаи давлатии Маркази татбиқи лоиҳаи устувории ҳавзаи дарёи Панҷ ва тағйирёбии иқлим» сурат гирифта, ҳоло коргарони ҶДММ «Ҷовид» ба таҳкими соҳили дарё дар шаҳраки навбунёди Ваҳдат машғул мебошанд.
Як тан аз масъулини ҷамъияти мазкур Воҳид Искандаров гуфт, ки «дар ин мавзеъ аз соҳили чап роҳи мошингарди Хоруғ- Ванҷ ва аз соҳили рост шаҳраки Ваҳдат ҷойгир аст. Имсол барфи зиёд борид ва дар мавсими обхезӣ эҳтимоли шуста бурдани роҳи мошингард ва зери об мондани шаҳрак вуҷуд дорад. Бинобар ин зарур аст, ки ҳарду тарафи соҳилро бо харсанг ва симтӯр мустаҳкам намоем ва роҳу шаҳракро аз харобшавӣ наҷот диҳем».
Ҳоло корҳо мутобиқи нақша идома ёфта, то баланд шудани оби дарё ҳарду тарафи соҳили дарё ба таври комил мустаҳкам карда мешаванд.








Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд






