Модарони ноҳияи Рашт ба фарзандонашон хизмати содиқона ба Ватанро талқин намуданд

Апрель 19, 2017 10:34

РАШТ, 19.04.2017. /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Рашт дар рӯзи якуми гусели  наваскарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо баргузории чорабинии тантанавӣ 37 нафарро барои хизмат ба Ватан сафарбар намуданд. Дар ин кор бахусус занону модарони ноҳия саҳм гузоштанд. Дар ин бора аз шуъбаи кор бо занон ва оилаи ноҳияи Рашт ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.

Салтанат Обидова, модари яке аз даъватшавандагон иброз намуд, ки «роҳнамоӣ ва гусели фарзандон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи ҷумҳурӣ вазифаи муҳимтарини ҳар як модар мебошад. Мақсад аз даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳимояи марзу буми ватан ва баланд бардоштани донишу малакаи низомии ҷавонон мебошад. Аз ин хотир ҷавононро лозим аст, ки аз хизмат дар сафи  Қувваҳои мусаллаҳ худро канор нагиранд ва ба қадри тинҷию оромии кишвар ва пешрафти вазъи иқтисодии мамлакат расида,  ватани азизамонро дӯст доранд».

Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ вазифаи муҳими ҳар як ҷавони бонангу номус мебошад. Мақсад аз даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ- пурзӯр намудани иқтидори мудофиавии мамлакат, ҳимояи марзу буми Тоҷикистон ва баланд бардоштани донишу малакаи низомии ҷавонон аст. Барои ҳамин, онҳоро лозим аст, ки аз хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ худро канор нагиранд, ба қадри неъматҳое, ки имрӯз Тоҷикистони соҳибистиқлол ба он ноил гаштааст, тинҷию оромӣ ва пешрафти вазъи иқтисодӣ расанд.

 

Апрель 19, 2017 10:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст