Мулоқот бо коргарони НБО-и Роғун: иншооти мазкур ифтихори миллати тоҷик аст
ДУШАНБЕ, 17.04.2017 /АМИТ «Ховар»/. 15 апрел гурӯҳи таблиғотиву ташвиқотӣ ҷиҳати суҳбату мулоқот бо ҳайати кормандони НБО-и Роғун аз шаҳри Роғун боздид ба амал овард.
Тавре мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ин навбат гурӯҳи таблиғотиву ташвиқотиро барои суҳбату мулоқот бо кормандону муҳандисони НБО-и Роғун Алиҷон Шоҳназаров, сармутахассиси Раёсати илму маърифати Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарӣ намуда, ба ҳайати он Зулфия Давлатзода, муовини Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Самариддин Асоев, сармуҳаррири рӯзномаи «Садои мардум», адибон Абдулҳамид Самад ва Давлат Сафар шомил буданд.
Инчунин барои хотирмон гузаштани мулоқоти мазкур дастаи рақсии «Лола»-и Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва гурӯҳи ҳаҷвнигорони «Шакарханд» гурӯҳи кориро ҳамроҳӣ намуда, табъи кормандон ва иштирокдоронро болида намуданд.
Алиҷон Шоҳназаров аз ифтихори миллати тоҷик будани НБО Роғун ёдовар шуда, гуфт: «Бо мавриди истифода қарор гирифтани Неругоҳи барқӣ-обии Роғун ормонҳои миллати тоҷик амалӣ гардида, халқи тоҷик ба яке аз ҳадафҳои стратегии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон- расидан ба истиқлолияти энергетикӣ ноил хоҳад гардид. Давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон боварии комил намуда, сотмони ин иншооти бузурги асрро ба шумо, бинокорон вогузор намуда, ҷиҳати сохтмони он шароити зарурӣ фароҳам овардааст. Аз ин хотир бовар дорем, ки шумо барои дар сатҳи баланд ва зарурӣ бунёд кардани ин иншоот талош варзида, софдилона хизмат менамоед».
Дар мулоқот адибон дар назди кормандони НБО Роғун дар васфи ин иншооти азими аср шеърҳо хонда, онҳоро барои тезонидан ва бо сифати баланд ба итмом расонидани корҳои сохтмонии неругоҳ рӯҳбаланд намуданд.










Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст






