Мутахассисони баландихтисоси касбӣ имкон доранд дар Ҷумҳурии Корея бо кор таъмин гарданд

Апрель 28, 2017 09:55

ДУШАНБЕ, 28.04.2017. /АМИТ «Ховар»/. Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути 61 муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 73 маркази таълими калонсолон имкон дорад кадрҳои баландихтисоси касбӣ ва мавриди ниёзро барои интиқол ба Ҷумҳурии Корея омода намояд,-зикр намуд Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Сумангул Тағойзода зимни мулоқот бо Вазири шуғл ва меҳнати Ҷумҳурии Корея Ли Ки-Квон. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ хабар доданд.
С.Тағойзода илова намуд, ки муҳоҷирони меҳнатӣ имкон пайдо мекунанд дар навбати худ малакаи корӣ ва забондониашонро зимни фаъолият дар Корея мукаммал намоянд.
Зимни вохурӣ масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн баррасӣ гардида, дурнамои миёнамуҳлати ҳамкории мутақобилан судманд муайян карда шуд.
С. Тағойзода таъкид намуд, ки маҳз сафари Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Корея дар моҳи апрели соли 2015 заминаи нави рушди муносибатҳои дўстона ва ҳамкории судмандро миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея гузошт. Дар ҷараёни ин сафар ва вохӯрӣ дар сатҳи олӣ тарафҳо оид ба тавсеаи ҳамкории ду кишвар дар соҳаи иқтисод, савдо, сармоягузорӣ, саноат, маориф ва ҳамчунин муҳоҷирати меҳнатӣ ба мувофиқа расиданд.
Дар мулоқот ҷониби Тоҷикистон алоқамандии худро дар робита ба интиқоли қувваи корӣ ба Ҷумҳурии Корея иброз намуда, изҳори умедворӣ кард, ки санадҳои меъёрии марбута дар ин самт миёни ду кишвар ба имзо расонида мешаванд.
Бояд зикр кард, ки лоиҳаи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Корея оид ба интиқоли қувваи корӣ ба Ҷумҳурии Корея дар баррасии ҷониби кореягӣ қарор дорад.
Вохўрӣ дар фазои дўстона ва ҳусни тафоҳум баргузор гардид.

Апрель 28, 2017 09:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Данғара нақшаи ҷамъоварии пахта 100 фоиз иҷро гардид
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Дар Академияи идоракунии давлатӣ оид ба нақши Конститутсия дар таъмини баробарии гендерӣ ҳамоиш доир шуд
Дар роҳи Душанбе–Чаноқ хатҳои уфуқӣ аз нав кашида мешаванд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон доир ба зеҳни сунъӣ ва тандурустии рақамӣ конференсия доир гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба истифодаи усулҳои гармофизикӣ конференсияи байналмилалӣ баргузор гардид
САЛОМАТИИ ҶОМЕА — САРВАТИ МИЛЛАТ. Истифодаи никотин ба рушди майна ва қобилияти омӯзиш таъсири манфӣ расонад
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 76-уми Кумитаи минтақавии аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ иштирок намуд
Форуми дувоздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид