Нашрияи «Вазъи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои моҳҳои январ-марти соли 2017 ба нашр расид

Апрель 15, 2017 11:20

ДУШАНБЕ, 15.04.2017. /АМИТ «Ховар»/. Нашрияи «Вазъи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои моҳҳои январ-марти соли 2017 аз чоп баромад.
Нашрияи ҳармоҳаи Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷмӯи иттилооти таъҷилиро оид ба вазъи иҷтимоию иқтисодии мамлакат, субъектҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, соҳаҳо ва бахшҳои иқтисодиро барои моҳи охири ҳисобот ва аз аввали сол дарбар мегирад.
Дар нишондиҳандаҳои асосии иҷтимоию иқтисодӣ динамика аз рӯи моҳҳои соли равон ва гузашта оварда мешавад. Агентии омор гузоришро дар асоси маълумоти вазорату идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия менамояд.
Дар гузориш оид ба соҳаҳои муҳимтарини истеҳсолот, нақлиёт ва алоқа, робитаҳои иқтисодии хориҷӣ, бозори истеъмолӣ, нарх, молия, бозори меҳнат, сатҳи зиндагии аҳолӣ иттилооти васеъ пешниҳод карда мешаванд.

Апрель 15, 2017 11:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд