Назри Яздон дар китоби наваш шаҳрвандони Тоҷикистонро дар ин ҷаҳони пуртазод ва пурмоҷаро ба зиракиву ҳушёрии сиёсӣ даъват намудааст

Апрель 26, 2017 09:29

ДУШАНБЕ, 26.04.2017. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Соли ҷавонон ва 20-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ нашри сеюми китоби Шоири халқии Тоҷикистон Назри Яздон таҳти унвони « Ҳикмати озодагон» ба табъ расид.
Тавре муаллифи китоб ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз намуд, ин китоб аслан дар жанри эссе навишта шудааст. Муҳтавои он фалсафиву адабӣ буда, ба тадбиру тақдири ҳувияти миллӣ ва фарҳанги имрӯзаи тоҷикон бахшида шудааст. Дар ин асар моҳияти маданияти тоҷик, мавқеи он дар тамаддуни ҷаҳонӣ, хусусиятҳои асолати миллӣ, моҳияти иҷтимоӣ, сиёсати ваҳдати миллӣ дар гирдобу тундбоди беамон, бебозгашт будани ҷаҳонишавӣ мавриди таҳлили ҷиддии усулӣ ва илмӣ қарор гирифтааст. Нашри сеюм тақрибан 70 дарсад маводи нав аст.
Муаллиф дар сарсухани китоб овардааст: «Таҳдидҳои нави ҷаҳонӣ, аз ҷумла «Давлати исломӣ» ногузир аз ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон тақозо мекунанд, ки огоҳии сиёсиаш бештар аз ҳарвақта комилтар, коромадтар, фавритар, замонавитар бошад. Ҳатман қадам ба қадами технологияи иттилоотӣ, ҳатман ба қадами суръати асри сареъуссайр, тезпои асри XXI…».
Дар нашри сеюми китоб муаллиф ҳамчунин зарур шуморидааст, ки як таҳлили оммафаҳмро аз назари як шаҳрванди оддӣ пешниҳоди хонанда гардонад. Ва гуфтааст, ки ин таҳлил ҳадафи дахолат ба сиёсати ягон кишварро надорад. Танҳо ба хотири ворид будан дар ҷараёни сиёсати имрӯза, ёфтани роҳи хештан дар ин сиёсат, қудрат пайдо кардан, ки манфиатҳои сиёсии Ватани худро шинохта ва дифоъ карда бошем.
Ҳамчунин дар сарсухани китоб муаллиф аз андешаҳои арбобони илму фарҳанги ҷаҳонӣ, аз қабили Малику-ш-шуаро Баҳор, Саид Нафисӣ, Г.В.Ф. Гегел, Ф. Ленорман, М. Ломоносов, Б. Ғафуров, Ҷ. Рейнолдс, М.В. Лавров ва дигарон дар бораи тоҷикон иқтибосҳоро ҷой додааст.

Апрель 26, 2017 09:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйрёбандаи бебориш пешгӯӣ мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд