Нурулло Маҳмадуллозода: «Мақсади авф кумак ба муҳоҷирон ҷиҳати қонунӣ намудани будубоши худ дар ҳудуди Федератсияи Россия мебошад»

Апрель 5, 2017 11:51

ДУШАНБЕ, 05.04.2017 /АМИТ «Ховар»/. Аз 25 март дар Федератсияи Россия маъракаи авфи муҳоҷирони меҳнатӣ-шаҳрвандони Тоҷикистон оғоз гардид. Қонуни авфи мазкур ба муҳоҷирони меҳнатие дахл дорад, ки бо сабабҳои гуногун қоидаҳои будубошро дар ҳудуди кишвар вайрон кардаанд. Сабаби ҷорӣ шудани авф созишномаи байни сарварони давлатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия зимни  сафари Владимир Путин ба Душанбе арзёбӣ мешавад. Мақсади авф кумак ба муҳоҷирон дар қонунӣ намудани будубоши худ дар ҳудуди Федератсияи Россия  мебошад.

Хабарнигори АМИТ «Ховар»  вобаста ба авфи муҳоҷирон дар Федератсияи Россия ва дигар масъалаҳои алоқаманд ба муҳоҷирати шаҳрвандони кишвар бо Нурулло Маҳмадуллозода, муовини Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамсуҳбат шуд.

АМИТ «Ховар»: Расмикунонии будубоши муҳоҷирони меҳнатӣ-шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз кадом марҳилаҳо иборат буда,  кадом категорияи шаҳрвандонро дарбар мегирад?

Нурулло Маҳмадуллозода: Мутобиқи қарори Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия (ФР), давраи расмикунонии будубоши муҳоҷирони меҳнатӣ-шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ФР аз 25 март то 24 апрели соли 2017-ро дарбар мегирад. Ин чорабинӣ нисбат ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми қаламрави ФР тавассути бақайдгузорӣ дар мақомоти муҳоҷират ва тамдиди муҳлати будубоши онҳо амалӣ карда мешавад.

Маъракаи мазкур ба 3 категорияи муҳоҷирони меҳнатӣ-шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дахл дорад:

1). Шахсоне, ки дар ҳудуди Федератсияи Россия муҳлати муқарраршудаи будубоши муваққатиро вайрон намудаанд.

2). Шаҳрвандони кишвари мо, ки дар асоси банди 4 моддаи 26 Қонуни Федератсияи Россия «Оид ба тартиби воридшавӣ ба Федератсияи Россия ва хориҷшавӣ аз Федератсияи Россия»  дар муддати 3 соли охири будубошашон дар ин давлат бинобар содир намудани ду ва зиёда ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ воридшавиашон ба қаламрави ин давлат муваққатан манъ шудааст.

3). Шаҳрвандони ҶТ, ки дар асоси банди 8 моддаи 26 Қонуни Федератсияи Россия «Оид ба тартиби воридшавӣ ба Федератсияи Россия ва хориҷшавӣ аз Федератсияи Россия»  бинобар сабаби дар давраи  будубош ва фаъолияти меҳнатии қаблӣ дар қаламрави ФР дар муҳлати муқарраршуда ҳудуди ин давлатро тарк накарда ва ба вайрон намудани муҳлати истиқомати муваққатӣ роҳ додаанд ва воридшавиашон ба қаламрави ин давлат муваққатан манъ гардидааст.

АМИТ «Ховар»: Муҳоҷирони меҳнатӣ-шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои анҷом додани расмикунонӣ бояд ба кадом ниҳодҳои дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ё Федератсияи Россия муроҷиат кунанд?

Нурулло Маҳмадуллозода: Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар ин муддат барои расмикунонии будубошашон дар Федератсияи Россия бояд  ба шуъбаҳои мақомоти муҳоҷирати Федератсияи Россия муроҷиат намоянд ва ба онҳо барои қонунӣ гардонидани будубош корти муҳоҷиратии нав бо нишон додани мақсади вуруд ва қайди муҳоҷиратӣ ба муҳлати 90 рӯз дода мешавад ва онҳо имкон доранд дар ин муҳлат будубоши худро расмӣ гардонанд.

Бо мақсади сари вақт огаҳ намудани муҳоҷирони меҳнатӣ- шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз имконияти мазкур дар ҳамбастагӣ бо Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва консулгариҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар манотиқи гуногуни Федератсияи Россия, кормандони Намояндагии вазорат ва ҷамъиятҳои тоҷикон дар ҳудуди ин давлат сафарбар карда шудаанд.  Бинобар ин, дар сурати пайдо шудани мушкилот дар масъалаи мазкур муҳоҷирони меҳнатӣ дар Россия метавонанд ба сохторхои зикршуда муроҷиат намоянд.

Муҳоҷирони меҳнатӣ – шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар асоси бандҳои 4 ва 8 моддаи 26 Қонуни Федератсияи Россия «Оид ба тартиби воридшавӣ ба Федератсияи Россия ва хориҷшавӣ аз Федератсияи Россия» воридшавиашон ба Федератсияи Россия манъ гардидааст ва айни замон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд, дар ин муддат иҷозати дубора воридшавиро ба Федератсияи Россия пайдо менамоянд. Бинобар ин зарур аст, ки шаҳрвандони мамлакат пеш аз сафар ба ин кишвар барои муайян намудани ҳолати кор ба сохторҳои Хадамоти муҳоҷират дар маҳалҳо муроҷиат намоянд.

АМИТ «Ховар»: Тавре огоҳӣ дорем, дар давраи аз 25 март то  24 апрел шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои вайрон кардани қоидаҳои будубош ва фаъолияти меҳнатии қаблӣ ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида намешаванд. Дуруст аст?

Нурулло Маҳмадуллозода: Бале, дар ин муддат шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба категорияҳои дар боло зикршуда дохиланд ва ба сохторҳои дахлдори ФР барои расмикунонии будубошашон муроҷиат менамоянд,  барои вайрон кардани қоидаҳои будубош ва фаъолияти меҳнатии қаблӣ дар ин давлат ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида намешаванд. Инчунин дар ин муддат тамоми қарорҳои Сарраёсат оид ба масъалаҳои муҳоҷирати Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия оид ба манъи вуруди шаҳрвандони мо, ки дар асоси бандҳои 4 ва 8 моддаи 26 Қонуни Федератсияи Россия «Оид ба тартиби воридшавӣ ба Федератсияи Россия ва хориҷшавӣ аз Федератсияи Россия» қабул гардида буданд, бекор карда мешаванд.

АМИТ «Ховар»: Оё шахсоне, ки дар ҳудуди Федератсияи Россия қарор доранд  ва муҳлати будубошашон гузаштааст, дар ин муддат метавонанд бе баромадан аз сарҳад муҳлати будубоши худро тамдид кунанд ва ё расмӣ гардонанд?

Нурулло Маҳмадуллозода: Метавонанд. Тамдиди муҳлати будубоши шаҳрвандони ҶТ тибқи механизмии пешбинишуда дар ин давра бе убури сарҳади давлатии Федератсияи Россия анҷом дода мешавад.

АМИТ «Ховар»: Дар ҳолати гум кардани шиноснома ва ё надоштани корти муҳоҷиратӣ шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар Федератсияи Россия қарор доранд, ба кадом ниҳодҳои дахлдор бояд муроҷиат кунанд?

Нурулло Маҳмадуллозода: Дар сурати гум кардани шиноснома шаҳрвандони мо дар ин давлат бояд ба консулгариҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия муроҷиат намоянд. Дар ҳолати гум кардан ва ё надоштани корти муҳоҷиратӣ  ба шаҳрвандон барои расмикунонии будубоши онҳо корти муҳоҷиратии нав бо ҳуқуқи истиқомат ба муҳлати 90 рӯз дода мешавад.

АМИТ «Ховар»: Хизматҳое, ки дар муҳлати аз 25 март то 24 апрел ба муҳоҷирони меҳнатӣ расонида мешаванд, чӣ миқдор хароҷотро тақозо менамоянд?

Нурулло Маҳмадуллозода: Бояд тазаккур дод, ки хизматрасонии мазкур ба шаҳрвандони кишвари мо дар ин муддат дар Федератсияи Россия ба таври ройгон сурат мегирад ва барои расмикунонии будубоши онҳо дар сохторҳои дахлдори ин кишвар бояд маблағ ситонида нашавад.

АМИТ «Ховар»: Бештар манъи вуруди кадом гурӯҳи муҳоҷирон бекор карда мешавад ва авфи мазкур нисбат ба кадом гурӯҳи муҳоҷирон татбиқ намегардад?

Нурулло Маҳмадуллозода: Айни замон теъдоди шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки воридшавиашон ба ФР муваққатан манъ гардидааст, зиёда аз 250 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.  Авфи мазкур нисбат ба категорияи алоҳидаи дар боло зикршудаи муҳоҷирони меҳнатӣ татбиқ мегардад. Тартиби мазкур нисбат ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарорҳои судӣ аз қаламрави Федератсияи Россия берун ва депортатсия шудаанд, татбиқ намегардад. Ҳамчунин шаҳрвандоне, ки дар асоси дигар моддаҳои қонунҳои Федератсияи Россия воридшавиашон ба Федератсияи Россия манъ шудааст (бинобар содир кардани ҷиноят, доштани бемориҳои сироятӣ ва ғайра) ба ин категория дохил намешаванд.

АМИТ «Ховар»: Муҳоҷироне ҳастанд, ки ҳоло дар ҳудуди Федератсияи Россия қарор доранд ва медонанд, ки  пас аз ворид шудан ба ин кишвар бо кадом сабабе вуруди онҳо манъ шудааст. Аз ин хотир то ба охир расидани ин муҳлат дар он ҷо меистанд. Оё авфи мазкур нисбат ба онҳо татбиқ мегардад?

Нурулло Маҳмадуллозода: Новобаста ба он, ки ин 3 категорияи шаҳрвандони мо дар ҳудуди ФР ва ё дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд, авфи мазкур нисбат ба онҳо татбиқ мегардад. Бояд зикр намуд, ки оид ба масъалаи мазкур бо ташаббуси Асосгузории сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми вохӯрӣ бо Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин 27 феврали  соли равон дар Душанбе мувофиқа ҳосил гардида буд ва ин иқдом ва ғамхории навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба беҳдошти шароити будубоши муҳоҷирони мо дар Федератсияи Россия равона шудааст.

Мавҷуда АНВАРӢ

Апрель 5, 2017 11:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Интиқоли ғайриқонунии беш аз 4 тонна гӯшти мурғ пешгирӣ карда шуд
«ДӮСТ ОЯД, ГАРМ ДАР ОҒӮШ ГИР!». Ҷавонони фаъоли Тоҷикистон меҳмони ноҳияи Рӯдакӣ шуданд
Ғолибони даври ҷумҳуриявии озмуни «Сайри гули лола» муайян шуданд
МОҲВОРАИ ҶАВОНОН. Вазъи фаъолияти шуъбаву бахшҳои кор бо ҷавонони муассисаҳои олӣ ва миёнаи касбӣ баррасӣ шуд
Дар шаш минтақаи Тоҷикистон сел ба амал омад
«ОИЛАИ НАМУНАВӢ». Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ин озмуни ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
«САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА». Дар Душанбе ҳамоиши ҷоизасупорӣ ба ғолибони даври ҷумҳуриявии озмун доир мешавад
Рамзи Соли маърифати ҳуқуқӣ тасдиқ карда шуд
Дар ҳошияи мулоқоти Президенти Тоҷикистон бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дин дар Рашт вохӯрии судманд доир гардид
Одатҳои бад яке аз омилҳои сар задани бемории саратон мебошад
Шумораи аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе беш аз 84,4 ҳазор нафарро ташкил медиҳад
Вобаста ба ҳамкории байналмилалӣ ва тамоюли иҷрои маҷбурии санадҳои судӣ конференсияи байналмилалӣ доир гардид