Оқибати офати табиӣ дар ноҳияи Дарвоз

Апрель 15, 2017 11:35

ДУШАНБЕ, 15.04.2017 /АМИТ «Ховар»/.  13 апрел дар нимаи аввали рӯз дар деҳаи Камчаки ҷамоати деҳоти Сағирдашти ноҳияи Дарвоз ярч фаромад.  Мутаассифона, ин офати табиӣ талафоти ҷонӣ дар пай дошт. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» Нилуфар Асламшоева, мудири бахши иттилоотӣ-таҳлилии дастгоҳи Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хабар дод.
Зимни суҳбати телефонӣ бо Раиси ноҳияи Дарвоз Саидбурҳон Абдураҳмонзода маълум гардид, ки ярч ба дарозии 20 метр тӯл кашида, хонаи сокини деҳаи номбурда Исмоил Расуловро зер кардааст. Дар натиҷа ду нафар истиқоматкунандаи ин хона Мадина Иброҳимзода, соли таваллудаш 1998 ва Давлаталӣ Исмоилзода, соли таваллудаш 2015 зери ярч мондаанд.
Дар фурсати кӯтоҳтарин гурӯҳи наҷотдиҳандагони Ситоди ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании ноҳия, ки дар ҷамоати деҳоти Сағирдашт ҷойгиранд, якҷоя бо сокинони маҳаллӣ ҷасади Мадина Иброҳимзодаро бароварданд. Давлаталӣ Исмоилзода ҳангоми аз зери харобаҳои хона баровардан ҳанӯз зинда буд ва пас аз чанде ҷон дод.
Гурӯҳи даҳнафараи наҷотдиҳандагон аз ҳисоби Ситоди ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании минтақаи Рашт низ дар фурсати кӯтоҳ ба кумаки зарардидагони ин офати табиӣ омаданд.
Саидбурҳон Абдураҳмонзода, Раиси ноҳияи Дарвоз иброз дошт, ки истиқоматкунандагони хонаи аз офати табиӣ харобгардида дар  деҳаи Камчак дар хонаи дигаре ҷой карда шуданд ва аз ҳисоби Фонди захиравии раиси ноҳия барои онҳо маводи озуқаворӣ ва бо дастгирии ташкилотҳои байналхалқӣ рахти хоб ва дигар лавозимоти рӯзгор дастрас карда шуд.
Сокинони куҳансоли Ҷамоати деҳоти Сағирдашт изҳор доштаанд, ки то кунун дар ҳудуди ин ҷамоат фаромадани ярчро дар хотир надоранд ва бори аввал чунин офати табиӣ дар ин минтақа ба қайд гирифта шудааст.
Баҳри бартарафкунии оқибатҳои ин офати табиӣ ва пешгирии хатарҳои эҳтимолии минбаъда бо супориши бевоситаи Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Шодихон Ҷамшед дар мавзеъҳои хатарноки ин ҷамоати дурдаст навбатдории шабонарӯзӣ аз ҳисоби кормандони идораву муассисаҳои дахлдор, сокинони маҳаллӣ ва волонтёрон ташкил карда шудааст.

P.S Дар баъзе расонаҳои хабарӣ нашр гардид, ки Мадина Иброҳимзода бо фарзандаш зери ярч мондааст. Аз рӯи маълумоти аз роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Дарвоз дастрасгардида Давлаталӣ Исмоилзода набераи ҳамин оила, вале фарзанди Мадина набудааст.

Апрель 15, 2017 11:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар қисми низомии қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ доир гардид
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд