Оқибати қонуншиканӣ. Соҳибкоре, ки бе назорати гумрукӣ ба Тоҷикистон мол ворид кард, дастгир шуд

Апрель 18, 2017 15:28

ДУШАНБЕ, 18.04.2017 /АМИТ «Ховар»/. Зимни гузаронидани амалиёти гумрукӣ аз тарафи кормандони Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Суғд, дар ҳудуди анбори ҶДММ «Ҷоми Ҷам» -и шаҳри Бӯстон ду адад воситаи нақлиёти тамғаи «Зил», қайди рақами давлатиашон 01 39 ЕЕ 02 ва 17 40 СН 02, ки таҳти идораи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон Б.В. ва Ғ.А. қарор доштанд, барои муоинаи гумрукӣ боздошт гардиданд.
Тавре аз Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, зимни гузаронидани муоинаи гумрукӣ муайян карда шуд, ки дар бордони воситаҳои нақлиёти мазкур ба миқдори 11 ҳазор килограмм моҳии яхкардашудаи намуди «Минтай» — и истеҳсоли Федератсияи Россия мавҷуд аст, ки онҳо мехостанд ин миқдор маҳсулотро дар анбор ҷойгир намоянд.
Маҳсулоти зикршуда ба шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Р.А., соли таваллудаш 1990, сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ҷамоати деҳоти Ёва, тааллуқ дошта, номбурда ин миқдор молро аз деҳаи Борбодуқи Ҷумҳурии Қирғизистон ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бидуни назорати гумрукӣ интиқол додааст.
Тибқи хулосаи Филиали суғдии Маркази ҷумҳуриявии ташхисҳои судӣ ва криминалистии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон арзиши умумии моҳии боздоштшуда дар маҷмӯъ 170 ҳазору 500 сомониро ташкил медиҳад.
Доир ба ҳолати мазкур нисбат ба шаҳрванд Р. А. бо моддаи 289 қисми 2 — и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, аз рӯи тобеияти тафтишотӣ ба Прокуратураи вилояти Суғд ирсол гардид.

Апрель 18, 2017 15:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд