Оила мураббии аввалин, роҳнамои ҳаёт, асосгузори феълу атвори ояндаи ҳар як наврас мебошад
ДУШАНБЕ, 27.04.2017. /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Сино дар мавзӯъҳои пешгирии хушунат дар оила, никоҳи хешутаборӣ ва гузаштан аз муоинаи тиббӣ пеш аз ақди никоҳ, пешгирии наврасону ҷавонон аз задухӯрдҳои гурӯҳӣ, амалҳои ҳуқуқвайронкунию ҷинояткорӣ, пешгирии шомилшавӣ ба гурӯҳҳои экстремистӣ ва ҳизбу ҳаракатҳои тундрав, ки ба манфиати давлату миллат зарар меоваранд, бо сокинони шаҳраки 14 дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 66-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе вохӯрӣ доир шуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Сино хабар доданд.
Дар ҷамъомад зикр гардид, ки дар ҷомеаи имрӯза, ки асри технологияи муосир ном бурда мешавад, ҷавононро мебояд дар ин раванди пуртазод ва авҷ гирифтани манфиатҳои абарқудратҳо зиракии сиёсии худро аз даст надода, ҷаҳонбинии худро васеъ намоянд ва дар пайи корҳои созандагиву бунёдкорона қарор бигиранд, зеро маҳз чунин масъалаҳо метавонанд дар пайдо намудани мавқеи ҷавонон байни ҷомеа мусоидат кунанд.
Шарифа Қурбонзода, мудири бахши Сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ноҳияи Сино иброз дошт, ки «омода намудани ҷавонон ба оиладорӣ вазифаи муҳими аҳли ҷомеа мебошад. Оила муррабии аввалин, роҳнамои ҳаёт, асосгузори феълу атвори ояндаи ҳар як наврас мебошад. Шахси дар оила тарбияёфта, меъёрҳои ахлоқиро аз худ мекунад ва ба ҳаёти мустақил омода мегардад. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки сабаби асосии вайрон шудани бештари оилаҳои навбунёд- ин тайёр набудани ҷавонон ба ҳаёти оилавист. Ҳар як ҷавон пеш аз оила барпо кардан бояд бо қонунгузории никоҳу оила шинос шавад. Донистани қонунҳо ва риоя намудани он барои мустаҳкам гардидани оила ёрӣ мерасонад. Падару модарон пеш аз хонадор намудани писарон ва духтарони худ онҳоро ба ҳаёти мустақилонаи оилавӣ бояд омода намоянд».








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






