Олимпидаи байналмилалии лоиҳавии «INFOMATRIXASIA-2017» дар шаҳри Алмаато
ДУШАНБЕ, 18.04.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон Олимпиадаи байналмилалии лоиҳавӣ «INFOMATRIXASIA-2017» аз фанни технологияи иттилоотӣ баргузор гардид, ки дар он хонандагони Ҷумҳурии Тоҷикистон низ иштирок намуданд. Дар ин бора аз Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Бино ба иттилои манбаъ, дар олимпиадаи мазкур зиёда аз 400 нафар хонанда аз 13 давлати Осиё иштирок намуданд. Аз ҷумҳурии мо 40 нафар довталаб Тоҷикистонро намояндагӣ карданд.
Тавре роҳбалади хонандагон Манучеҳр Ҳабибзода аз Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо» зикр намуд, аз мактаббачагони тоҷик дар озмун 2 нафар соҳиби медали тилло, 8 нафар медали нуқра ва 12 нафар соҳиби медали биринҷӣ гардиданд.
Ҳамчунин зикр гардид, ки ғолибони мо Исмоил Ҳалимзод ва Ҳоҷимурод Ҳоҷимурод аз Мактаби байналмилалии президентӣ бо пешниҳоди лоиҳаҳои худ Тоҷикистонро муаррифӣ намуда, сазовори медали тилло гардидаанд. Ғолибони дигар низ аз литсейҳо барои хонандагони болаёқат дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Қӯрғонтеппа, Турсунзода ва Мактаби байналмилалии шаҳри Душанбе, ки дастаи Тоҷикистонро муаррифӣ мекарданд, тавонистанд Парчами Тоҷикистонро миёни кишварҳои дигар баланд бардоранд.
Хонандагони тоҷик аз аввали соли равон дар олимпиадаҳои байналмилалӣ соҳиби 45 медал гардидаанд.








Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид






