Поксозии маҷро ва таҳкими соҳили дарёҳо дар ВМКБ оғоз ёфт
ХОРУҒ, 21.04.2017. /АМИТ «Ховар»/. Маркази татбиқи лоиҳаи «Таъмини устувории ҳавзаи дарёи Панҷ ва тағйирёбии иқлим» дар қитъаҳои осебпазири ҳудуди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба поксозии маҷро ва соҳили дарёҳо оғоз намуд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо гарм шудани ҳаво ва бар асари он афзоиш ёфтани офатҳои табиӣ, бахусус обхезию селфуроӣ аз соли гузашта ба ин сӯ ин иқдомро роҳандозӣ намуд. Соли равон амалисозии ин лоиҳа дар ноҳияҳои Ишкошим, Роштқалъа ва Рӯшон ба нақша гирифта шудааст. Яке аз муҳандисони лоиҳаи мазкур Додарҷон Мӯъминҷонов гуфт, ки «ҳоло коргарони ҶДММ «Ҷовид» бо истифода аз чаҳор техникаи пуриқтидор ба тоза ва васеъ кардани рӯдхонаи кӯҳӣ дар деҳаи Баррӯшони ноҳияи Рӯшон шурӯъ карданд. Ин як минтақаи хеле осебпазир аст. Ду соли пеш сатҳи рӯдхонаи кӯҳӣ баланд гардида, ба 80 хонаи истиқоматӣ зарари ҷиддӣ расонд».
Аксарияти сокинони ин деҳа дар қитъаи замини канори дарёи Панҷ сабзавоту зироат кишт мекунанд ва ҳосили хуб ба даст меоранд. Аммо ду соли охир ба сабаби обхезӣ кишти сокинони деҳа зери об мемонад ва заҳмати онҳо барабас меравад. Раиси ҷамоати ба номи Назаршо Додихудоеви ин ноҳия Амонбек Амонбеков изҳор дошт, ки «қад-қади дарё наздики 80 гектар замини корам мавҷуд аст ва хоҷагиҳои деҳқонӣ сабзавоту зироатро ҳам барои худ захира мекунанд ва ҳам як қисми онро ба фурӯш мегузоранд».
Коргарони ҶДММ «Ҷовид» тасмим гирифтаанд, ки то мавсими обхезӣ корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ва пок кардани маҷрои рӯдхонаҳоро ба анҷом расонанд.








Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд






