Сафари кории ҳайати расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Корея

Апрель 21, 2017 10:24

ДУШАНБЕ, 21.04.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Сеул 16 апрел нишасти кории намояндагони ширкати энергетикии «Hurit Co.Ltd» ва ҳайати расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо сафари корӣ дар Ҷумҳурии Корея қарор дорад, баргузор гардид.
Тавре аз Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар нишаст масъалаҳои рушди батадриҷи тиҷорату савдо ва зарурати ҷалби технологияҳои муосири Корея ба бахшҳои мухталифи соҳаҳои саноат ва энергетикаи Тоҷикистон баррасӣ гардиданд.
Худи ҳамон рӯз дар чаҳорчӯби сафари кории Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Неъматулло Ҳикматуллозода мулоқоти ӯ бо Роҳбари Ҷамъияти дӯстии Ҷумҳурии Корея бо кишварҳои Осиёи Марказӣ хонум Ли Ок Рён баргузор гардид.
Ҷонибҳо масъалаҳои рушди муносибатҳои дӯстонаи дуҷонибаро мавриди баррасӣ қарор дода, манфиатдории муштараки худро ба истифодаи имконоти зиёди ҳамкорӣ дар соҳаҳои мухталиф изҳор намуданд.
17 апрел дар шаҳри Сеул Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Неъматулло Ҳикматуллозода бо Раиси Парлумони Ҷумҳурии Корея Чунг Се Кюн мулоқот намуд.
Дар вохӯрӣ масоили вобаста ба рушди робитаҳои судбахши Тоҷикистон, аз ҷумла тавассути ба роҳ мондани робитаҳои байнипарлумонӣ баррасӣ шуд.
Бо қаноатмандӣ изҳор гардид, ки робитаҳои ду кишвар рӯ ба рушди устувор овардаанд.
Ҳарду ҷониб омодагӣ ва ҳавасмандии амиқи худро ба густариши робитаҳо таъкид доштанд.

Апрель 21, 2017 10:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд