Сафири Тоҷикистон ба Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Лубнон нусхаи Эътимоднома супорид
ДУШАНБЕ, 21.04.2017 /АМИТ «Ховар»/. 20 апрели соли 2017 дар бинои Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Лубнон маросими супоридани нусхаи Эътимодномаи Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Лубнон бо қароргоҳ дар Кувайт Зубайдулло Зубайдов ба Вазири корҳои хориҷии ин кишвар Ҷуброн Басил сурат гирифт.
Тавре аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, баъди маросими тақдими нусхаи Эътимоднома суҳбати Вазири корҳои хориҷӣ бо Сафир баргузор гардид, ки зимни он роҳҳои тавсеаи муносибатҳои мутақобилан судманд байни ду кишвар, ҳамчунин самтҳои ояндадори ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷониба, аз ҷумла дар соҳаҳои иқтисод, тиҷорат, сармоягузорӣ, энергетика, нақлиёт ва фарҳангӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Ҷониби лубнонӣ барои кушодани сафоратҳо ва таъйини сафирҳо, ҳамзамон консулҳои фахрӣ дар давлатҳои ҳамдигар изҳори ҳавасмандӣ намуд.








Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд






