Сафорати Полша дар Хуҷанд Фестивали филмҳои кишварҳои чоргонаи «Вишеград»-ро баргузор менамояд
ХУҶАНД, 06.04.2017 /АМИТ «Ховар»/. Сафорати Полша ният дорад, ки дар шаҳри Хуҷанд Фестивали филмҳои кишварҳои чоргонаи «Вишеград»-ро баргузор намояд. Ин нуқта зимни мулоқоти Сафири Ҷумҳурии Полша дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Пётр Ивашкевич бо раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ таъкид гардид.
Тавре аз Хадамоти матбуоти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд иттилоъ доданд, зимни суҳбат зикр шуд, ки ҳадафи асосии сафари Пётр Ивашкевич ба вилоят вусъат бахшидан ба муносибатҳои илмию фарҳангии кишварҳои чоргонаи «Вишеград» ва Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.
Доир ба баргузории Фестивали филмҳои кишварҳои чоргонаи «Вишеград» гуфта шуд, ки филмҳои пешниҳодшаванда маҳсули эҷоди филмбардорони ин чор давлати чоргонаи «Вишеград» ба ҳисоб рафта, сокинони вилоят ва дӯстдорони санъати кино имконият пайдо мекунанд, ки тӯли чанд рӯз тариқи филмҳо бо санъату фарҳанги кишварҳои Аврупо шиносоӣ пайдо намоянд.
Бояд зикр намуд, ки «Вишеград» соли 1991 дар шаҳри Вишеград созмон ёфта, ба он давлатҳои Чехия, Венгрия, Словакия ва Полша аъзо мебошанд.
Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ иқдоми сафорати Полшаро ҷиҳати ташкили фестивали филмҳо хуш пазируфта, изҳор намуд, ки ин чорабинии фарҳангӣ барои густариши муносибатҳои фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва давлатҳои Аврупо заминаи мусоид хоҳад гузошт.
Ҷонибҳо дар ҷараёни мулоқот доир ба ҳамкории тарафайн дар самти савдою тиҷорат ва сайёҳӣ низ мубодилаи афкор намуда, омодагии хешро барои густариши минбаъдаи ҳамкорӣ дар самти иқтисоду тиҷорат ва фарҳанг баён намуданд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






