Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Токио соҳибкорони Японияро ба ҳамкорӣ даъват намуд
ДУШАНБЕ, 15.03.2017 /АМИТ «Ховар»/. Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Япония нишасти кориро бо иштироки соҳибкорони кишвари иқомат дар мавзӯи «Муҳити макроиқтисодӣ ва имкониятҳои сармоягузории Тоҷикистон барои ширкатҳои хориҷӣ» баргузор намуд.
Дар ҷамъомад намояндагони вазоратҳои корҳои хориҷӣ, иқтисоду савдо ва саноати Япония, Иттиҳодияи дӯстии Тоҷикистону Япония оид ба ҳамкории иқтисодиву фарҳангӣ, Роҳбари Намояндагии доимии Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Япония, Ҷамъияти Япония оид ба савдо бо Россия ва Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ROTOBO), Донишкадаи иқтисодӣ ва энергетикии Япония, Донишкадаи робитаҳои байналмилалии асъор ва дигар намояндагони ширкатҳои бузурги японӣ иштирок намуданд.
Ҳамрохон Зарифӣ, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Япония ба иштирокдорони вохӯрӣ оид ба рушди батадриҷи тиҷорату иқтисодиёт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, имкониятҳои мусоиди сармоягузорӣ ва зарурати ҷалби технологияи муосири Япония дар бахшҳои мухталифи соҳаи саноати Тоҷикистон маълумоти муфассал дод.
Дар ҷамъомад ҳамчунин Неъматулло Ҳикматуллозода, Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи муҳити макроиқтисодӣ ва имкониятҳои сармоягузории Тоҷикистон барои ширкатҳои хориҷӣ маърӯза намуд. Иштирокдорони ҷамъомад аз раванди татбиқи тарҳҳои афзалиятноки кишвар, барномаҳои рушди соҳаи инфрасохтори нақлиётӣ, кишоварзӣ, гидроэнергетика, истихроҷ ва саноати кимиёӣ бо назардошти ҷалби технологияи муосир шинос гардиданд, ки тарҳҳои мазкур дар доираи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва Барномаи миёнамуҳлати рушди Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020 ба нақша гирифта шудааст.
Намояндагони Тоҷикистон аз ширкатҳои бузурги японӣ даъват карданд, то бо ҳамтоёни тоҷикистонии худ дар татбиқи тарҳҳои мутақобилан судманд ва бунёди корхонаҳои муштараки истеҳсолӣ бо истифода аз ашёи хоми кишвари мо фаъолона ҳамкорӣ намоянд. Хамчунин таъкид намуданд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон барои сармоягузории ширкатҳои японӣ муносиб мебошад.
Миёни иштирокчиён дар бораи тамоюл ва дурнамои ҳамкории минбаъда табодули андеша сурат гирифт.








КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд
Дар оянда байни Тоҷикистон ва Амрико парвозҳои мустақими ҳавоӣ ба роҳ монда мешаванд






