Сармуҳосиби Шуъбаи фарҳанги Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан бо гумони қаллобӣ дастгир шуд

Апрель 26, 2017 14:29

ДУШАНБЕ, 26.04.2017 /АМИТ «Ховар/. Аз ҷониби кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сармуҳосиби Шуъбаи фарҳанги Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти қаллобӣ дастгир карда шуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти агентии мазкур хабар доданд, Рашидҷон Ёдгоров зимник ор дар вазифаи мазкур давоми моҳи октябри соли 2014 то моҳи ноябри соли 2016 бидуни андозаи муқаррарии маоши кормандони соҳаи фарҳанг ба унвони Раёсати молияи шаҳри Истаравшан дархости пулӣ пешниҳод карда, баҳри тасарруф намудани маблағи пулӣ тибқи варақаҳои пулдиҳӣ ба номи кормандони соҳаи фарҳанг музди меҳнатро барзиёд нишон додааст. Пас аз оне, ки ба кортҳои пластикии кормандон маош гузаронида шудааст, Р. Ёдгоров тариқи телефонӣ ҳар яке аз кормандонро ба назди худ даъват намуда, ҳолати гӯё саҳван гузаронида шудани маблағи пулиро баён карда, маҳз бо ин роҳи сохтакорӣ маблағи пулии барзиёд гузаронидашударо тасарруф намудааст. Ҳамин тариқ, гумонбаршуда давоми моҳи октябри соли 2014 то моҳи ноябри соли 2016 бо роҳи тартиб додани варақаҳои пулдиҳии баръало қалбакӣ маблағи пулии 26 ҳазору 992.11 сомониро тасарруф намуда, ба Раёсати молияи шаҳри Истаравшан зарари моддӣ расонид.
Нисбат ба Рашидҷон Ёдгоров бо моддаҳои 245 қисми 2 бандҳои «а,г» ва 323 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, баъди ба анҷом расидани тафтишоти пешакӣ он бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ барои моҳиятан баррасӣ намудан ба суд ирсол карда шуд.

Апрель 26, 2017 14:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйрёбандаи бебориш пешгӯӣ мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд