Шералӣ Раҳматуллоев: «Ба кӯдакон гузаронидани ваксина ройгон аст»
ДУШАНБЕ, 28.04. 2017 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз, 27 апрел дар Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика» барои рӯзноманигорон дар мавзӯи пешгирии бемориҳои ба воситаи ваксинаҳо идорашаванда семинари омӯзишӣ доир гардид.
Дар семинар сардори Раёсати ташкили хизматрасонии тиббӣ ба модарону кӯдакон ва танзими оилаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Раҳматуллоев иброз дошт, ки барои кӯдакон гузаронидани иммунизатсия бар зидди 10 бемории сироятӣ: сурхча, гулафшон, гепатити В, гулӯзиндонак, кузоз, кабудсулфа, сирояти гемофилии шакли В, фалаҷ (полиомиелит), ротавирус ва сил тавсия дода мешавад.
«Кӯдак бояд иммунизатсияро дар муассисаҳои тиббӣ қабул намояд ва дар хона гузаронидани он хатари зиёд дорад»,- гуфт Шералӣ Раҳматуллоев .
Барои гузаронидани ваксина тақвими миллӣ мавҷуд буда, бояд ҳар як ваксина сари вақт ба кӯдак гузаронида шавад. Ин дар натиҷаи омӯзишҳои дуру дарози Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ муайян карда шудааст.
Ба иттилои сардори Раёсати ташкили хизматрасонии тиббӣ ба модарону кӯдакон ва танзими оилаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, пеш аз он ки ба кӯдак ваксина гузаронида шавад, ӯ бояд ҳатман аз муоинаи табиби оилавӣ ва кӯдакона гузарад. Дар ҳолати аз муоина нагузаштани кӯдак ӯро ваксина кардан мумкин нест.
Тамоми намудҳои ваксина ройгон буда, гузаронидани он ба кӯдак баъд аз 24 соати таваллуд оғоз меёбад.
Ҳадаф аз баргузории семинари омӯзишӣ- ин баланд бардоштани фаҳмиш ва дониши рӯзноманигорон ва кормандони ВАО дар бораи ваксинаҳо, тақвими миллии эмгузаронӣ ва пешгирии бемориҳои ба воситаи ваксинаҳо идорашаванда мебошад.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






