Шиносоии Президенти кишвар бо ҷараёни корҳои таъмиру таҷдиди роҳҳо дар кӯчаҳои Саидқул Турдиев ва Ҳамид Маҳмудови шаҳри Душанбе
ДУШАНБЕ, 28.04.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ҳамчунин дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе бо ҷараёни корҳои таъмиру таҷдиди роҳи кӯчаҳои Саидқул Турдиев ва Ҳамид Маҳмудов шиносоӣ пайдо намуданд.
Бояд тазаккур дод, ки таъмиру таҷдиди роҳҳои мазкур аз ҳисоби даромадҳои Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Роҳи тоҷик» дар доираи дастуру ҳидояти Пешвои миллат сурат гирифта, феълан корҳои сохтмонӣ бомаром идома доранд.
Ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки корҳо дар ин самт ҳанӯз ду моҳ қабл оғоз ёфта буд ва то рӯзи солгарди навбатии Истиқлолияти давлатӣ пурра ба сомон расонида мешаванд. То ин дам дар 4 роҳрави кӯчаҳои мазкур корҳо пурра анҷом ёфта, боз 15 роҳрави дигар барои асфалтпӯш намудан омода карда шудаанд. Иброз гардид, ки дар маҷмӯъ дар баробари роҳҳои асосӣ, ҳамчунин 50 роҳрави дигар, ки ба кӯчаҳои Саидқул Турдиев ва Ҳамид Маҳмудови ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт шомиланд, мавриди таъмиру таҷдид қарор мегиранд.
Мавриди зикр аст, ки зимни мулоқоти Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолони шаҳри Душанбе ва намояндагони тоҷирони кишвар чанд тан аз соҳибкорони ватанӣ иқдом гирифтанд, ки дар сохтмон ва таъмиру таҷдиди роҳҳои шаҳри Душанбе саҳми арзанда мегузоранд.
Аз ҷумла, аз ҷониби соҳибкор Қурбонмурод Неъматзода роҳбари Ҷамъияти дорои масъулияти махдуди Роҳи тоҷик 40 километр роҳҳои пойтахт навсозӣ карда мешаванд. Аз ин дар соли 2017 — 20 километр ва 20 километри дигари он соли 2018 бунёд мегардад.
Дар маҷмӯъ, аз ҷониби соҳибкорони ватандӯст 70 километр роҳҳои пойтахти кишвар бо риояи тамоми талаботи роҳсозӣ бунёд мегарданд.
Дар кӯчаҳои Саидқул Турдиев ва Ҳамид Маҳмудови ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт 21 километр роҳ таъмиру таҷдид гардида, бо назардошти муосиртарин талаботи роҳсозӣ мавриди истифода қарор дода мешаванд.
Ҳамчунин дар доираи ин тарҳ асфалтпӯш намудани роҳҳои пиёдагард, ивазкунии иншооти обпартову обгузар, чароғонкунии роҳ ва гулзоркунии шафати роҳҳо дар назар дошта шудааст, ки дар муҳлати муқарраргардида ба сомон расонида мешавад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат бо сохтмончиён таваҷҷуҳи онҳоро ба анҷоми босифати корҳо ҷалб карда, масъулинро вазифадор намуданд, ки назорати сифати иҷрои корҳоро ҷиддӣ ба роҳ монанд.









Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳринав 6 иншооти таъйиноти гуногунро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳринав аз Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ боздид намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди терминали нави байналмилалӣ дар фурудгоҳи Душанбе санги асос гузоштанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуди Пизишкиён суҳбат намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои ИДМ иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз Фестивали таомҳои миллӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва намоиши маҳсулоти саноатию кишоварзии давлатҳои ИДМ дар Туркманистон боздид намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Туркманистон Сердар Бердимухамедов мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Мулоқоти ҳаштуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Озарбойҷон иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди Туркманистон шуданд
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Туркманистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон пас аз анҷоми сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон ба шаҳри Душанбе баргаштанд






