Синни ба нафақа баромадани кормандони мақомоти гумрук баланд бардошта шуд

Апрель 21, 2017 16:01

ДУШАНБЕ, 21.04.2017/АМИТ «Ховар»/. Синни ба нафақа баромадани кормандони мақомоти гумруки Тоҷикистон се сол баланд бардошта шуд. Дар ин росто 21 апрел вакилони палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷиҳати ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул намуданд. Дар асоси ин тағйирот минбаъд кормандони мақомоти гумруки Тоҷикистон вобаста ба рутбаҳояшон дар синни 53, 58 ва 63 солагӣ ба нафақа мебароянд. Қаблан ба кормандони мақомоти гумрук дар синни 50, 55 ва 60 нафақа таъйин карда мешуд.
IMG_6935Абдуфатоҳи Ғоиб, сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи мазкурро дар Парлумони кишвар тавзеҳ дода гуфт, ки ҳадафи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси гумруки ҷумҳурӣ бо назардошти нигоҳ доштани иқтидори кории шаҳрвандони дар хизмати давлатӣ фаъолиятдошта, буҳрони молиявӣ ва имконияти буҷети давлатӣ мебошад. Мавсуф афзуд, ки барои нигоҳ доштани корманд дар вазифаи нозир дар мақомоти гумрук аз буҷети давлатӣ дар як моҳ ба маблағи 1037 сомонӣ сарф мегардад. Дар 50-солагӣ ба нафақа баромадан бо назардошти собиқаи хизмати 25- сола ба корманд 830 сомонӣ нафақа таъйин ва пардохт карда мешавад . Дар сурати ба муҳлати се сол зиёд намудани маҳдудиятҳо вобаста ба синну сол тибқи таҳлилҳои гузаронидашуда, сарфаи маблағҳои буҷавӣ, масалан барои як нозир дар як сол беш аз 30 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Абдуфатоҳи Ғоиб афзуд, ки танҳо дар соли 2016 бинобар расидан ба синни ниҳоии хизмат дар мақомоти гумрук ба 25 нафар кормандон нафақа таъйин карда шуд, ки аз он се нафар сардори Раёсат, як нафар муовини сардор, 7 нафар сардори шуъба, 7 нафар сарнозир, 5 нафар нозири калон ва ду нафар нозир аст. Ҳол он ки аз ин теъдоди нафарони ба нафақа баромада ба буҷет 463 ҳазор сомонӣ сарфа мешуд. Инчунин бо дахли асосҳои қатъи хизмат дар мақомоти гумрук Абдуфаттоҳи Ғоиб зикр намуд, ки кормандони мақомоти гумрук бо хоҳиши шахсӣ, бинобар расидан ба синни нафақа, анҷоми қарордод, ихтисори ҳайати кормандон, барои дағалона ва мунтазам вайрон намудани интизоми хизматӣ, барои содир намудани рафторе, ки ба шарафи корманди мақомот иснод меорад ва мувофиқат накардани вазифаи хизматӣ ба ихтисоси корманд тибқи натиҷаи аттестатсия, вафот, барои вайрон кардани тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории кишвар оид ба танзими анъана ва ҷашну маросимҳо аз кор барканор ва фаъолияташон қатъ мегардад.
Ҳамзамон ба моддаи 345 Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон банди 13 илова карда шуд, ки тибқи он минбаъд воридоти таҷҳизоту техника ва маводи сохтмонӣ барои иншооти сайёҳӣ, аз қабили меҳмонхона, осоишгоҳ ва истироҳатгоҳҳои табобатӣ, марказҳои сайёҳӣ ва дигар иншооти сайёҳӣ аз пардохти боҷи гумрукӣ озод карда мешаванд.

Апрель 21, 2017 16:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Файзалӣ Идизода бо муовини раиси Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Корея вохӯрӣ намуд
Файзалӣ Идизода бо Сафири Ҷумҳурии Корея дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи солонаи Ассамблеяи парлумонии САҲА иштирок намуд
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Раиси Агентии Чин оид ба ҳамкории рушди байналмилалӣ мулоқот намуданд
Мулоқоти Раиси Маҷлиси намояндагон бо Раиси Кумитаи миллӣ оид ба ҳуқуқи инсони Давлати Қатар доир гардид
Файзалӣ Идизода бо Раиси Маҷлиси Шурои Подшоҳии Арабистони Саудӣ вохӯрӣ намуд
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Раиси Маҷлиси Шурои Подшоҳии Арабистони Саудӣ мулоқот намуданд
Дар Душанбе тавсеаи робитаҳои парлумонии Тоҷикистон ва Русия баррасӣ гардид
Раиси Маҷлис-аш-Шурои Подшоҳии Арабистони Саудӣ бо сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф меорад
Қабули қатъномаи Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда рӯйдоди воқеан таърихӣ ва мояи ифтихори ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон мебошад
Дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ созишномаи сармоягузорӣ ба тасвиб расид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагон баргузор гардид