Сирки Москва ба Хуҷанд омад
ХУҶАНД, 05.04.2017. /АМИТ «Ховар»/. «Шоҳзодаи Миср ва 10 шер» — чунин ном дорад барномаи рангини ҳунармандони сирки давлатии Москва, ки бо барномаи беш аз дуҳафтаина ба маркази вилояти Суғд- шаҳри Хуҷанд омадаанд. Тавре ба хабарнигори АМИТ «Ховар» Виталий Ковалёв, маъмури барномаи сирки Москва иттилоъ дод, қаблан ҳунармандони сирки Москва пеш аз сафари ҳунарӣ ба Хуҷанд дар шаҳри Душанбе қарор дошта, инак бо даъвати роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ба шаҳри Хуҷанд омаданд.
Аввалин намоишҳои сиркӣ 8 ва 9 апрел дар «Қасри варзиш»-и маркази вилоят баргузор мешаванд.
Дар барнома, ки аз ду қисм иборат буда, то 23 апрел идома меёбад, масхарабозону дорбозон, бандбозон (акробатҳо) ва ширинкорон (каскадерҳо) бо барномаҳои ҷолиб, чун «Чархи марг» ва «Мото-курра» ва ду нафар ромкунадагон-шербозон аз Миср- шоҳзодаи араб Хамада Кута ва ромкунандаи дигар бо мору саг ва дигар ҳайвонҳои ваҳшӣ ҳунарнамоӣ мекунанд.
Бояд гуфт, ки ин аввалин намоишномаи сиркӣ дар шаҳри Хуҷанд пас аз танаффуси беш аз 32-сола мебошад.








Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад






