Сокини ноҳияи Вахш бо гумони дуздии 3 ҳазор килограмм пунбадона ба даст афтод
ДУШАНБЕ, 05.04.2017. /АМИТ «Ховар»/. Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ошкор шудани як ҷинояти дуздӣ, ки зимни он 3 ҳазор килограмм пунбадона (чигит) аз корхонаи коркарди пахтаи «Пахтаи Хатлон» дуздида шуда буд, хабар дод. Тавре аз ин ниҳод иттилоъ доданд, ба мақомоти милитсия марди соҳибкори 35-солаи сокини шаҳри Кӯлоб муроҷиат намудааст, ки шаби 3-юм ба 4-уми апрели соли 2017 шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ вориди корхонаи коркарди пахтаи ҶДММ «Пахтаи Хатлон» гардида, аз он ҷо 3 ҳазор килограмм пунбадона (чигит)-ро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Зарари расонидашуда 10 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия бо гумони содир намудани ҷинояти дуздии мазкур марди 58-солаи сокини ноҳияи Вахш дастгир гардид, ки гумонбаршуда ин ҷиноятро ҳамроҳ бо марди 45-солаи сокини шаҳри Кӯлоб, ки пеш бо моддаи 244, қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, содир намудаанд.
«Аз рӯи далели мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад»,-иттилоъ доданд аз Вазорати корҳои дохилӣ.








Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад






