Солимии ҷомеа аз пойдориву устувории оила вобаста аст

Апрель 18, 2017 17:28

ДУШАНБЕ, 18.04.2017. /АМИТ «Ховар»/. Ҷиҳати пешгирии пошхӯрии оилаҳои ҷавон, аз байн бурдани хурофотпарастию бегонапарастӣ, роҳ надодан ба зиёдаравӣ,  барпо намудани оилаи солим ва нест кардани  хушунат дар оила байни сокинони шаҳраки Гипроземи шаҳри Душанбе дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 91 бо иштироки намояндагони соҳаҳои гуногун вохӯрӣ баргузор шуд.

Тавре аз Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  дар ноҳияи Сино хабар доданд, дар вохӯрӣ зикр гардид, ки зӯроварӣ дар оила аз нокофӣ будани дониши  оилаҳо ба амал омада, сабаби хушунат ва байн рафтани ҳурмат мегардад, ки оқибати он ба ҷудошавии оилаҳо оварда мерасонад. Бо мақсади устувор нигоҳ доштани оилаҳои ҷавон ва пешгирии никоҳи хешу таборӣ, ки ба носолим ба дунё омадани фарзандон боис мегардад, соли 2015 аз ҷониби Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Соли оила эълон гардид.

Иштирокдорон иброз доштанд, ки ҷомеаи суннатии мо бо арзишҳои оиладории худ пойдору устувор буд, аммо имрӯз вайроншавии оилаҳо зиёд мушоҳида мешавад. Имрӯзҳо  никоҳи хешутаборӣ авҷ мегирад, ки ин хатари калон ҳам ба оила ва ҳам ба ҷомеа мебошад. Моро зарур аст, ки баҳри пешгирии чунин зуҳурроти мушкилбарангез тадбирҳои мушаххас андешида, қабл аз ҳама, устувории оилаҳоро дар ҷомеа таъмин намоем.

 

Апрель 18, 2017 17:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа