Суди ноҳияи Рӯдакӣ ду нафарро барои қаллобию сохтакорӣ аз озодӣ маҳрум кард
ДУШАНБЕ, 29.04.2017. /АМИТ «Ховар»/. Бо ҳукми Суди ноҳияи Рӯдакӣ С. Бобохонов ва Ш. Баротов барои қаллобию сохтакорӣ (бо моддаҳои 247 қ. 4 банди «б», 3381 қ. 2 бандҳои «а», «б» ва 340 қ. 2 бандҳои «а», «б», «в» КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон) гунаҳгор дониста шуда, С. Бобохонов ба муҳлати 13 сол ва Ш. Баротов ба муҳлати 10 сол аз озодӣ маҳрум гардиданд.
Тавре аз Маркази матбуоти Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар доданд, номбурдагон барои он айбдор дониста шудаанд, ки аз моҳи апрели соли 2014 то моҳи марти соли 2016 бо маслиҳати пешакӣ дар 5 ҳолат бо роҳи фиреб ва суиистифодаи боварӣ аз шаҳрвандон Ф. Яхшибеков, М. Ризоев, Ҷ. Пулотов, Қ. Тураев ва Д. Одинаев маблағи аз 7.500 то 29.000 доллари ИМА гирифта, дидаю дониста, ки ҳуқуқи ҷудо карда додани заминро надоранд, аз заминҳои корами обии хоҷагии деҳқонии «Мӯсо»-и Ҷамоати деҳоти Чимтеппаи ноҳияи Рӯдакӣ ба ҳар кадоми онҳо ба миқдори аз 0,03 то 0,07 га қитъаи замини наздиҳавлигӣ барои сохтмони хонаи истиқоматӣ ҷудо карда додаанд.
С. Бобохонов ва Ш. Баротов кирдорҳои ҷиноии худро идома дода, қарори Раиси Ҷамоати деҳоти «Оқ-қурғон»-и ноҳияи Рӯдакӣ, таҳти № 20 аз 20 марти соли 2006 ҷиҳати ба Ф. Яхшибеков вобаста намудани 0,03 га қитъаи заминро бо истифодаи техникаи компютерӣ сохтакорӣ намуда, ба номбурда додаанд.








Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд






