Тамғаҳои аксизии худсохти маҳсулоти тамоку ошкор карда шуд
ДУШАНБЕ, 20.04.2017 /АМИТ «Ховар»/. Аз тарафи кормандони Раёсати ташкили мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ — ҷустуҷӯӣ аз дӯконҳои савдои бозори «Фаровон» — и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, ки ба соҳибкорони инфиродӣ А. С., соли таваллудаш 1984, сокини ноҳияи Рӯдакӣ, ҷамоати деҳоти Сарикиштӣ ва Д. А., соли таваллудаш 1986, сокини вилояти Хатлон, ноҳияи Восеъ тааллуқ доранд, ба микдори 22 ҳазор қуттӣ маҳсулоти тамокуи тамғаи «ESSE» ва «PINE» — и истеҳсоли Ҷумҳурии Корея бо аломатҳои тамғагузории аксизии худсохт дарёфт карда шудаанд.
Тавре аз Хадамоти гумрук хабар доданд, мувофиқи хулосаи ташхиси судӣ-техникии ҳуҷҷатҳо, тамғаҳои аксизие, ки дар қуттиҳои тамоку насб карда шудаанд, бо истифодаи техникаи компютерӣ ва нусхабардорӣ тайёр карда шуда, ба тамғаҳои аксизии стандартии аз тарафи Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои маҳсулоти тамоку пешбинишуда мувофиқат намекунанд.
Нисбат ба шаҳрвандон А. С. ва Д. А. бо моддаи 340 қисми 1 и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, дар тафтишоти Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад.








ГРАНТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ ба 1395 нафар занон беш аз 45 миллион сомонӣ грант ҷудо гардид
То 4 сентябр дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон сар задани селҳои маҳаллӣ ва пиряхӣ боқӣ мемонад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра Тоҷикистон ба дастовардҳои рушди устувор ноил гардид
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар пойтахт Рӯзи фарҳанги вилояти Хатлон оғоз шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Шоири афғонистонӣ Аҳмад Ҳанойиш дар васфи Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон меҳрнома навишт
Тоҷикистон ба таъмини пайвастагии конфронсҳои СММ оид ба об дар солҳои 2023, 2026 ва 2028 даъват намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 август, ҷумъа, 240-умин рӯзи соли 2026 аст






