Танҳо ҷавонони бомаърифат метавонанд пешрафти ҷомеаро таъмин намоянд!

Апрель 28, 2017 10:58

ДУШАНБЕ, 28.04.2017 /АМИТ «Ховар»/. Пешгирии амалҳои номатлуб дар байни ҷавонон, тарғиби илму донишомӯзӣ ва риояи одобу рафтори ҳамида миёни онҳо аз масъалаҳое буданд, ки зимни вохӯрии кормандони милитсия бо омӯзгорону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар ин ҷамъомади бошукӯҳ, ки дирӯз дар бинои донишгоҳи мазкур баргузор гардид, дар робита ба муноқишаҳои байнимактабӣ, ҷиноятҳои гурӯҳии ҷавонон, ба роҳҳои хато рафтани бархе аз намояндагони ин насли ояндасоз ва бемасъулиятии баъзе волидон нисбат ба тақдири ояндаи фарзандон изҳори нигаронӣ карда шуд.
Сардори Раёсати нозиротӣ-ташкилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники милитсия Абдураҳим Раҳимзода иброз намуд, ки ҷавонон, аз ҷумла донишҷӯён, неруи тавонои давлат буда, бо дониши хубу аъло ва ахлоқи намунавӣ бояд ибрати дигарон бошанд ва дар роҳи бунёдкориву созандагӣ ва тарғиби тарзи ҳаёти солим аз дигар табақаҳои ҷомеа тафовут дошта бошанд. «Ҷой доштани амалу кирдорҳои ҷиноӣ миёни баъзе ҷавонон ва ба роҳҳои ғайриқонунӣ рафтани бархе донишҷӯён ба ин номи пуршараф иснод оварда, симои донишҷӯро, ки дар назари аҳли ҷомеа чун фарди донишманду маърифатнок ва масъулиятшиносу боодоб мебошад, доғдор месозад. Имрӯз бисёр дардовар аст, вақте ки мо аз даст доштани баъзе донишҷӯён дар содир намудани ҷиноятҳои вазнине, амсоли одамкушӣ, нашъаҷаллобӣ, дуздиву қаллобӣ ва авбошиву ғоратгарӣ ҳарф мезанем», — гуфт А. Раҳимзода.
Мавзӯи дигаре, ки дар вохӯрии кормандони милитсия бо донишҷӯёни ДДТТ ба он диққати асосӣ дода шуд, шомилшавии баъзе ҷавонон ба сафи ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро буд.
Роҳбарияти Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ин иқдоми масъулини мақомоти корҳои дохилиро, ки ба беҳтар гардидани сатҳи ҳамкории соҳаи маориф бо мақомоти милитсия мусоидат менамояд, дастгирӣ намуданд.

Апрель 28, 2017 10:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд
Дар Душанбе доир ба Шабакаи иқлимии TajCN ҳамоиш баргузор гардид