Тарғиби муҳаббат ба касб дар байни курсантони Академия

Апрель 26, 2017 09:18

ДУШАНБЕ, 26.04.2017. /АМИТ «Ховар»/. Дар факултети №4-и Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд вохӯрии сардори Раёсати ВКД дар вилояти Суғд генерал-майор Шариф Назарзода бо ҳайати омӯзгорон ва курсантон доир гардид.
Тавре аз Вазорати корҳои дохилӣ хабар доданд, дар вохӯрӣ оид ба паҳлӯҳои гуногуни ҳаёти ҷавонон, муносибат бо ҷомеа, донишомӯзӣ, интихоби касб, нозукиҳои тахассусии фаъолият дар мақомоти корҳои дохилӣ суҳбати озоду самимӣ доир гардид.
«Омӯзиши пайваста, ҷисману рӯҳан обутобёфта, нотарсию далерӣ, пуртоқатӣ ва муҳаббат ба касб аз сифатҳои фардие мебошанд, ки ба корманди милитсия хос аст ва нафаре, ки дорои чунин хислат нест, милитсионери касбӣ шуда наметавонад»,-иброз дошт Ш. Назарзода.
Ҳамзамон аз иқтидори моддии ВКД ва шароити фароҳамгардидаи ниҳод сухан рафта, воқеияти фарқкунандаи имрӯз бо солҳои қаблӣ муқоиса карда шуд. Изҳори умед карда шуд, ки нигоҳдории чунин ободӣ ва пояндагии амнияту суботро дар оянда насли ҷавони милитсия баъди хатми Академияи ВКД ба уҳда гирифта, ин касби пуршарафро идома хоҳанд дод.

таргиби мухаббат ба касб 2

Апрель 26, 2017 09:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад