«Ваҳдати миллӣ ва таҷрибаи сулҳофарини тоҷикон»-вохӯрӣ дар шаҳри Норак
НОРАК, 19.04.2017. /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади расонидани мазмун ва моҳияти Ваҳдати миллӣ ва арзишмандии он намояндагони Донишкадаи такмили ихтисоси Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Ваҳдати миллӣ ва таҷрибаи сулҳофарини тоҷикон» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак бо фаъолони корхонаву муассисаҳо, имомхатибон, раисони маҳаллаҳо ва кормандони воситаҳои ахбори омма вохӯрӣ доир намуданд. Дар ин бора мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи шаҳр Ҳабиба Сафарова ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.
Дар вохӯрӣ иштирокдорон доир ба иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ташаббусҳои инсондӯстонаву наҷиби Президенти кишвар дар масъалаи об, эълон гардидани Соли ҷавонон, таърихи қабул ва татбиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамзамон аҳамияти таърихии ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, пойдории сулҳу суботи комил ва бо дастовардҳои арзандаи меҳнатӣ истиқбол намудани 20-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ ибрози назар карданд.








Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид






