Вазири маориф ва илми Тоҷикистон аз Намоиши байналмилалӣ оид ба соҳаи маориф ва илм дар шаҳри Москва боздид намуд

Апрель 18, 2017 11:27

ДУШАНБЕ, 18.04.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия Намоиши байналмилалӣ оид ба соҳаи маориф ва илм бо иштироки вазирони маорифи кишварҳои Осетияи Ҷанубӣ, Абхазистон, Ҷумҳурии Сурия ва ҷумҳуриҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) баргузор гардид, ки дар он Нуриддин Саид, Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат варзид. Дар ин бора аз Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Зимни намоиш ҷаласаи Шӯрои ҳамкорӣ дар соҳаи маорифи кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд. Дар он масъалаҳо вобаста ба таъсиси донишгоҳҳои заминавӣ дар байни кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, мавзӯъ ва санаи баргузории Анҷумани панҷуми омўзгорон ва кормандони соҳаи маорифи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва пешниҳоди омода намудани созишномаи бисёрҷониба дар бораи аккредитатсияи давлатии фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар доираи чорабиниҳо бо ташаббуси ЮНЕСКО Форуми вазирони маорифи кишварҳои аъзои ЮНЕСКО баргузор шуд. Дар форуми мазкур масъалаҳои вобаста ба «Нақши маориф дар пешгирии экстремизм ва зӯроварӣ дар байни кӯдакон ва ҷавонон» ва «Нақши омӯзгорон дар пешгирии падидаи экстремизм ва зӯроварӣ дар муҳити ҷавонон» муҳокима шуданд.
Ҳамчунин зимни вохӯрии Нуриддин Саид, Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Олга Василева, Вазири маориф ва илми Федератсияи Россия масъалаҳои ҷудо намудани бурсияҳои иловагӣ барои таҳсили шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Федератсияи Россия, тартиби қабули довталабон ба филиалҳои муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ФР дар шаҳри Душанбе тавассути Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъват намудани омӯзгорон аз Федератсияи Россия ва фаъолияти онҳо дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2017, бо китобҳои дарсӣ таъмин намудани мактабҳои таълимашон бо забони русӣ ва мактабҳои таълимашон омехта баррасӣ шуданд.

Апрель 18, 2017 11:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд