Вазорати рушди иқтисод ва савдо бо Раёсати «Узэкспоцентр» ҳамкориро тақвият мебахшад
ДУШАНБЕ, 24.04.2017 /АМИТ «Ховар»/. Ҳафтаи гузашта дар доираи баргузории нахустин намоишгоҳи миллии молҳои Ӯзбекистон дар Душанбе мулоқоти муовини Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Давлатзод бо Раиси Раёсати «Узэкспоцентр» Иброҳим Эргашев сурат гирифт.
Дар ин бора аз маркази матбуоти Вазорати рушди иқтисод ва савдои кишвар ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Зикр гардид, ки зимни мулоқот ҷонибҳо атрофи масъалаҳои вобаста ба рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат мубодилаи афкор намуда, азми қавии худро ҷиҳати густариши минбаъдаи ҳамкорӣ байни Вазорати рушди иқтисод ва савдо ва Раёсати «Узэкспоцентр» баён доштанд.








Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






