Як гурӯҳ нашъаҷалобон аз озодӣ маҳрум гардиданд
ДУШАНБЕ, 06.04.2017 /АМИТ «Ховар»/. Суди ноҳияи И. Сомонии шаҳри Душанбе шаҳрвандон П. Қодиров, С. Холов, М. Раҷабов ва С. Воҳидовро бо моддаҳои 200 қисми 4 банди «д» ва 347 қ. 2 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне барои муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ва хабар надодан дар бораи ҷиноят гунаҳгор дониста, С. Холовро ба муҳлати 16 солу 6 моҳ, П. Қодиров ва М. Раҷабовро ба муҳлати 15 солӣ ва С. Воҳидовро ба муҳлати 4 сол аз озодӣ маҳрум кард.
Бино ба иттилои маркази матбуоти Прокуратураи генералӣ, П. Қодиров, С. Холов, М. Раҷабов моҳи октябри соли 2016 аз шаҳрванди Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Самандар Муҳаммад Амин дар ҳудуди шаҳри Душанбе 26 кг 414 гр. маводи нашъадори навъи «ҳашиш» ба даст оварда, онро то моҳи ноябри соли 2016 дар деҳаи Ҷавонони Ҷамоати деҳоти Дурбати шаҳри Ҳисор ғайриқонунӣ нигоҳ доштаанд.
13 ноябри соли 2016 П. Қодиров ва М. Раҷабов дар кӯчаи Макарови шаҳри Душанбе ҳангоми интиқоли халтаҳо ба бағоҷи автомашина дар ҷои ҳодиса дастгир гардида, аз онҳо 74 кг 076 гр воситаҳои нашъадори навъи «ҳашиш» дарёфт ва мусодира карда шуд.
С. Қодиров аз ҷои ҳодиса ғайб зада, дар манзили истиқоматии С. Воҳидов, ки аз ҷинояти номбурда тавассути рафиқаш С. Холов хабар дошт, пинҳон шудааст. С. Воҳидов барои аз тафтишот пинҳон шудани П. Қодиров дар манзили истиқоматиаш шароит фароҳам оварда, ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ хабар надодааст.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд






