Яке аз хиёбонҳои Душанбе ба номи Туҳфа Фозилова гузошта мешавад

Апрель 18, 2017 14:07

ДУШАНБЕ, 18.04.2017 /АМИТ «Ховар»/. Яке аз хиёбонҳои ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ба номи устоди санъати театри мусиқӣ ва драмавӣ, Артисткаи халқии СССР шодравон Туҳфа Фозилова гузошта мешавад.
Ин нуктаро Фарҳод Раҳимӣ, президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни ҳамоиши байналмилалии илмие, ки имрӯз дар Душанбе ба ифтихори 100-солагии устоди санъати театрӣ ва мусиқӣ Туҳфа Фозилова баргузор гардид, баён дошт.
Намояндагони ҳамоиши байналмилалии илмии «Анъана ва меросбарӣ дар фарҳанги театрию мусиқии мардумони Осиёи Марказӣ: дирӯз ва имрӯз» баъд аз нисфирӯзии имрӯз дар маросими бардоштани лавҳаи ёдгорӣ дар хиёбоне, ки ба номи Тӯҳфа Фозилова гузошта мешавад, иштирок хоҳанд кард.

Апрель 18, 2017 14:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд